Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон Ситоди мубориза бар малах таъсис дода мешавад
Ҳушдори КҲФ аз лағзиши тарма ва резиши сангу рег дар рӯзҳои оянда
Заминларза Хоруғ ва Шаҳритӯсро такон дод
Сохтмони метрои Душанбе дар нимаи соли 2025 оғоз мешавад
16.10.2024 12:46
Дар Хуҷанд сохтмони қароргоҳи Нав барои Президент ба Нақша гирифта шудааст
Дар Хуҷанд бинои нав барои Қароргоҳи Президенти ҶУМҲУРИИ тоҷикистон бунед мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти маъмурияти Вилояти суғд.
Дар ҷараени муҳокимаи лоиҳа, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо шахсони масъули сохтмон, инчунин бо меъморон ва лоиҳакашон мулоқот кард.
Тибқи гузоришҳо, нақшаи пешакӣ пешбинӣ мекунад, ки бино ҳам толорҳои хурд ва ҳам калон барои баргузории чорабиниҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, вохӯриҳо дар форматҳои гуногун, қабули меҳмонон, инчунин меҳмонхона ва инфрасохтори мувофиқро дар бар мегирад.
Ҳангоми баррасии лоиҳа, Раҷаббой Аҳмадзода аҳамияти ба назар гирифтани фарҳанги меъмории миллиро таъкид кард ва дар бораи таҳияи нақшаҳои биноҳо, саҳна ва қаламрави наздиҳавлӣ дастурҳои мушаххас дод.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
15.01.2025 15:21
Мақомдори рус: “Узвияти Арманистон дар Иттиҳоди Аврупо оқибатҳои бади иқтисодӣ дорад”
Як мақомдори баландпояи Русия ба Арманистон ҳушдор шуд, ки дар сурати узвият дар Иттиҳоди Аврупо аз узвияти Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё хориҷ шавад. Ин мақомдори рус таъкид кардааст, ки пайвастани Арманистон ба Иттиҳоди Аврупо паёмадҳои иқтисодии сахт хоҳад дошт.
15.01.2025 15:03
10 кӯдаки гирифтори бемории дилро дар Чин ройгон табобат мекунанд
Дар майдони ҳавоии шаҳри Душанбе 10 кӯдаке, ки гирифтори бемории модарзоди дил буданд, барои табобати ройгон ба вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин фиристода шуданд.
15.01.2025 14:51
74 кӯдаки фаластинӣ дар ҳафтаи аввали соли 2025 кушта шуданд
Дар пайи ҳамлаҳои артиши Исроил ба минтақаҳое, ки дар он ҷо аҳолии ғайринизомӣ маскунанд, дар ҳафтаи аввали соли 2025 74 кӯдак кушта шуданд.
15.01.2025 14:43
Толибон хабархонии занон дар радио ва телевизионро манъ карданд
Гурӯҳи террористии Толибон ба мудирони радио ва телевизион дар Ҳироти Афғонистон дастур доданд, ки занони журналист дигар хабар нахонанд, зеро он сабаби таҳрики ҷинсии мардон мешавад.
15.01.2025 14:37
Дар Суғд ба маблағи 22,3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шуд
Имсол дар вилояти Суғд соҳаи кишоварзӣ рушд кардааст ва бар асоси натиҷагирии мақомоти вилоят ба маблағи 22, 3 миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол шудааст.
15.01.2025 13:30
Мақомдори пешини покистонӣ силоҳҳои НАТО-ро омили афзоиши терроризм медонад
Як мақомдори пешини ҳукумати Покистон гуфтааст, ки силоҳҳои НАТО ба дасти гурӯҳҳои террористӣ афтидааст, ки ин гурӯҳҳо аз он барои густариши терроризм истифода мекунанд.
15.01.2025 12:20
Сарбозони худкуши Кореяи Шимолӣ дарди сар барои артиши Украина
Украина мегӯяд, баъди баррасии 12 ҷасади сарбози Кореяи Шимолӣ дарёфтаанд, ки онҳо дар ҷараёни амалиёти низомӣ худро тарконидаанд.
15.01.2025 11:09
Журналисти афғонистонӣ: “Толибон дандонҳоямро канданд, сӯзандору заданд ва шиканҷа карданд”
Як хабарнигори афғонистонӣ, ки шаҳрвандии Фаронсаро дорад, пас аз озодӣ аз зиндони Толибон аз шеваи боздошт ва шиканҷааш нақл кардааст.
14.01.2025 15:48
Афзоиши рекордии тиҷорати Чин бо Русия
Чин эълон кард, ки арзиши воридот ва содирот миёни Чин ва Русия дар соли 2024 ба 245 миллиард доллар расид, ки он нисбати омори соли гузашта афзоиши рекордиро нишон медиҳад.
14.01.2025 15:29
Ӯзбекистон маблағгузории ВАО-и давлатиро афзоиш додааст
Дар соли 2025 дар буҷети давлатии Ӯзбекистон маблағгузории аксари ВАО-и давлатӣ афзоиш ёфтааст. Ин иқдом дар қонуни буҷети давлатӣ ва фармони президент пешбинӣ шудааст. Дар ин хусус ВАО-и Ӯзбекистон хабар медиҳад.
14.01.2025 15:20
Арабистони Саудӣ барномаи атомӣ оғоз мекунад
Мақомоти соҳаи энергетикаи Арабистони Саудӣ хабар доданд, ки ин кишвар барномаи атомиеро оғоз кардааст ва ғанисозии уран дар дастури кор он қарор дорад.
14.01.2025 15:13
Гаравгонгирӣ дар Қазоқистон: 2 нафар ба ҳалокат расид
Мақомоти полиси вилояти Актюбеи Қазоқистон хабар доданд, ки гурӯҳе аз гумонбарон як занро дар бинои истиқоматии минтақаи номбурда гаравгон гирифтанд. Тибқи иттилои полис, гурӯҳи фаврӣ ва неруҳои махсус ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, амалиёт анҷом доданд.