22.04.2025 13:46
Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кадрҳои нави ба ниҳодҳои муҳимми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
22.04.2025 13:38
Бо мақсади таъмин намудани талаботи рӯзафзуни кишвар бо сарчашмаҳои энергетикӣ ҳамасола як қатор ташаббусҳои муҳим амалӣ карда мешаванд. Дар натиҷаи ин чораҳо дар панҷ соли охир истеҳсоли неруи барқ 30% афзоиш ёфта, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид.
22.04.2025 11:57
Сериали маҳбуби эронии “Пойтахт” бидуни сафар ба Тоҷикистон ва хотима ёфтани моҷарои оилаи тоҷик ба анҷом расид. Сарнавишти як хонаводаи тоҷик дар ду қисмати сериали “Пойтахт” намоиш дода шуд ва дар он бозингарони саршиноси тоҷик нақш офариданд.
22.04.2025 11:47
Вазорати тандурустии Ғазза эълон кард, ки дар натиҷаи ҳамлаҳои шадиди ҳавоии Исроил ба Навори Ғазза дар ду рӯзи ахир ҳадди аққал 92 фаластинӣ ба ҳалокат расида, 219 нафари дигар захмӣ шудаанд.
22.04.2025 11:37
Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон 21-уми апрел ба гузориши натиҷаҳои фаъолияти сармоягузорӣ дар семоҳаи нахусти соли ҷорӣ, ҳамчунин, самтҳои афзалиятноки соҳа аз надик шинос гардид.
22.04.2025 08:29
21-уми апрел дар Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ҷамъбасти Фестивал-озмуни театрҳои касбӣ - "Парасту" доир гашт.
21.04.2025 15:16
Масъуд Гударзӣ субҳи рӯзи душанбе дар маҷлиси ситоди ҳамоҳангии баргузории иҷлосияи Комисcияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон гуфт, ки дар солҳои ахир робитаҳои Эрон ва Тоҷикистон дӯстона ва наздик шудааст ва Тоҷикистон Эронро ҳамчун як шарики қавӣ ва бародари бузург дар сатҳи минтақа медонад.
21.04.2025 15:10
Рӯзномаи “Экономик таймз” навишт, ки зуҳури исломгароён аз Осиёи Марказӣ, ки дар ҷангҳои Сурия ширкат доштанд, дар Афғонистон мушоҳида шудааст. Бар асоси навиштаи ин рӯзнома ҳузури ҷангҷӯёни исломгаро занги хатари ҷиддиро барои минтақа, Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон ба садо даровардааст.