7 Октябр 2026,
чоршанбе, 16:34, Душанбе
07.02.2024 14:22

Эмомалӣ Раҳмон таъиноти кадрӣ гузаронид

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сӯҳбат кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарраесати ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиншударо қабул намуданд.

Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи муовини якум ва муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мувофиқа Бо сарвари давлат, сардорони идораҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Шаҳри Душанбе, Вилоятҳои Суғд Ва Хатлон, Минтақаи Кӯлоби Вилояти Хатлон, сардорони баъзе идораҳои дастгоҳи марказии Агентии ба Назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия кадрҳои ҷавони Ботаҷриба ва ояндадор таъин карда шудаанд.

Ҳамчунин муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини сардори сарраесати Ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат таваҷҷуҳи ҳозиринро ба камбудиҳо ва камбудиҳое, ки дар кори ин ва дигар мақомоти давлатӣ мушоҳида мешаванд, ҷалб намуда, барои бартараф намудани онҳо, муборизаи бераҳмона алайҳи ҳама гуна ҷинояткорӣ, назорати самараноки маблағҳои буҷетӣ ва татбиқи мақсадноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ, ба роҳ мондани фаъолияти хизматӣ бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Таъкид гардид, ки донистани на камтар аз ду забони хориҷӣ, тарбияи кадрҳои ҷавон, ватандӯст ва содиқ ба давлат ва миллат, ҳамчунин мусоидат ба таҳкими ҳамаҷонибаи оромиву субот дар ҷомеа вазифаи асосии ҳар як хизматчии давлатӣ мебошад.

Манбаъ: НИАТ Ховар

Хатти хабарҳо

07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.