4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:20, Душанбе
20.11.2018 16:29

Профессори ҷопонӣ дар ҷаласаи Бунёди "Гуфтугӯи тамаддунҳо" суханронӣ мекунад

Дар ҷаласаи навбатии Бунёди "Гуфтугӯи тамаддунҳо" профессор Томохико Уяма аз Маркази тадқиқоти славянии Донишгоҳи Ҳокайдо (шаҳри Саппоро) дар мавзӯи "Осиёи Марказӣ: назари муҳаққиқони ҷопонӣ" дар назди иштирокчиён суханронӣ мекунад ва равандҳои муҳимтарини солҳои охирро, ки дар Осиёи Марказӣ рух додаанд, таҳлил мекунад.

Чорабинии мазкур 21 ноябр дар толори конфронси "Қасри афсарон" (кӯчаи Фотеҳ Ниёзӣ 54, ошёнаи 3) баргузор мешавад ва барои иштирок олимон, сиёсатшиносон, коршиносон, муҳаққиқон, намояндагони ВАО, ҳизбҳои сиёсӣ ва корпуси дипломатии муқими Душанбе даъват карда шудаанд.

Dialog.TJ

Хатти хабарҳо