Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалии китоб дар Алмаато: муаррифии китобҳои тозанашрҳо ва мероси фарҳангӣ
Дар самти рақамикунонии соҳаи фарҳанг Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» доир мегардад
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дар осорхонаи Миллии Тоҷикистон намоишгоҳ кушода шуд
Ба ифтихори 115-солагии фаъоли маъруфи ҷамъиятӣ ва сиесӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров дар осорхонаи Миллии Тоҷикистон "Намоишгоҳи тасвирҳои асарҳои академик Бобоҷон Ғафуров" кушода шуд. Намоишгоҳ то 5 январи соли 2024 идома меебад. Дар ин бора дар осорхона хабар доданд.
Дар намоишгоҳи фонди осорхонаи Миллии Тоҷикистон 120 экспонати беназири таърихӣ: портретҳо, орденҳо ва медалҳо, дипломҳо, грамотаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷатҳо, аксҳо ва китобҳо мавҷуданд. Ҳамчунин аксҳои Пешвои миллат Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз симпозиуми Байналмилалии илмӣ бахшида ба олим, ки 5 декабри Соли 2023 дар Душанбе баргузор гардид, ба намоиш гузошта шуданд.
Дар қисми марказии экспозисия китоби навтаъсиси Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" мавҷуд аст. Он бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади омӯзиши таърихи халқи тоҷик нашр гардида, ба ҳар як оила дар мамлакати мо тӯҳфа гардид.
Манбаъ: НИАТ Ховар
Хатти хабарҳо
Хизматчиёни давлатӣ барои таҳсил дар магистратура ба Ҷопон фиристода мешаванд
Мулоқоти Файзалӣ Идизода бо раиси Маҷлиси Туркманистон Дунёгузел Гулманова
Дар 9 моҳ нақшаи даромади буҷети давлатӣ 114,9 фоиз таъмин гардид
Чаро “идеологияи миллӣ” дар паси таблиғоти “диндору бедин” ранг мебозад?