Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет
“Манам фарзанди Истиқлол” дар арафаи 35-солагии Истиқлол чоп шуд
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Варзишгоҳи миллӣ барномаи фарҳангӣ баргузор гардид
Овозхони узбек Юлдуз Усмонова артисти халқии Тоҷикистон шуд

18 апрел дар қасри миллат дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани ҷоизаҳои Давлатии Тоҷикистону Узбекистон ба гурӯҳи ходимони фарҳангу санъат аз ду кишвар баргузор гардид.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мукофотонидани Мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми арзанда дар рушди ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг Байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон чор нафар, Аз Ҷумла Озодбек Назарбеков, Муноҷотхон Юлчиева, Агабай Сабиров Ва Юлдуз Усмонова ба унвони фахрии "Хофизи халкии Точикистон" ва Едгор Сагдиев ба унвони фахрии "хунарпешаи халкии точикистон.
Ҳамин Тариқ, Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мукофотонидани гурӯҳи ходимони фарҳангу санъати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хизматҳои бузург дар рушди муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ, дӯстии чандинасра ва ҳамсоягии нек, инчунин фаъолияти пурмаҳсул оид ба ба сатҳи нав баровардани робитаҳои фарҳангӣ-гуманитарӣ, ҳифз ва тарғиби санъати мо ва мероси умумии таърихӣ, арзишҳо ва анъанаҳои маънавӣ, саҳми арзанда дар таҳкими дӯстии байни халқҳои бародар Миралӣ Достизода, исмоил Назриев, Фурқат саидов, тулкин тоҷибоев ва раҳматулло хошимов ба унвони артисти халқии ҷумҳурии узбекистон сазовор гардиданд.
Манбаъ: avesta.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири Қатар: “Эрон ҳамсояи Қатар аст ва ҳамеша чунин боқӣ хоҳад монд”
Арабистони Саудӣ дар 24 соат 94 бор ба Яман ҳамла кард
Вохӯрии Ҳабибулло Воҳидзода бо Александр Баженов
Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» ҷамъбаст гардид