Пешвои миллат дар чорабинии идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд
Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод
Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд
Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Ҷавонони тоҷикро собиқ вакили Данғара роҳбарӣ мекард
Зулфикор Гулаҳмадзода раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар Ин бора Дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши ҷумҳурӣ хабар дода шуд.
ДАР АНҶУМАНИ XVI Ғайринавбатии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон Намояндагони тамоми кишвар ва собиқадорон дар соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиш Якдилона Ба Ҷонибдории Гулаҳмадзода овоз доданд.
Қобили зикр Аст, Ки аз аввали соли Равон Гулаҳмадзода раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон мебошад.
То оғози соли 2024 ӯ намояндаи парлумони тоҷикистон буд ва соли 2022 аз ноҳияи Данғара вакили палатаи намояндагон шуд ва қариб 55% овозҳоро ба даст овард.
Гулаҳмадзода Дар мақомоти дахлдори ҷавонон Абдулло Раҳмонзодаро иваз кард, ки аввали соли равон аз Вазифаи раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш озод карда шуд. Вай ба ҷои Эмомалӣ Насриддинзода евари президент оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа таъин карда шуд.
Иттифоқи Ҷавонони Тоҷикистон яке аз сохторҳои муҳимест, ки ба тарбияи насли наврас, рушди сиесиву иҷтимоӣ, бедории миллӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва истиқлолият мусоидат менамояд.
Раиси нав таъкид кард, ки иттиҳод минбаъд низ фаъолияти худро дар ҷумҳурӣ тақвият хоҳад дод.
Манбаъ: Sputnik Тоҷикистон
Хатти хабарҳо
Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест