4 Октябр 2026,
якшанбе, 08:20, Душанбе
05.03.2015 11:13

Марги роҳбалад ё муаммои кушта шудани Туғрал

"Марги роҳбалад ё муаммои кушта шудани Туғрал" китоби нави нависанда Абдурофеъ Робизода аст, ки дар нашриёти "Ашуриён" дар теъдоди 400 нусха нашр шудааст. Ин асар дар бораи ҳаёти Нақибхон Туғрал, ки охирин намояндаи адабиёти классикии тоҷик ҳисобида мешавад, муфассал нақл мекунад. Муаллиф дар китоб фикри худро дар хусуси тарҷимаи ҳол, асарҳо ва дастовардҳои Нақибхон Туғрал бо истифода аз манбаъҳои таърихӣ ифода мекунад.

Ин асари пурмазмун хеле ҷолиб ва муфид аст, зеро он ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт ва эҷодиёти Нақибхон Туғралро инъикос мекунад. Китоб дар услуби силсилаи асарҳои машҳури "Ҳаёти одамони наҷиб" навишта шудааст.

Абдурофеъ Робизода муаллифи 73 китоби нашршуда, 39 филми бадеӣ, фалсафӣ мебошад, ки аксари онҳо сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ гардидаанд. 

Мазбут Қосимов

Хатти хабарҳо