26 Октябр 2026,
душанбе, 23:43, Душанбе
26.10.2026 09:54

Мақомҳои аршади Паймони Макка ба Теҳрон мераванд

Қарор аст мақомҳои болоии кишварҳои узви Паймони Макка, аз ҷумла Арабистони Саудӣ, Туркия ва Покистон, рӯзи душанбе дар Теҳрон бо мақомоти Эрон дидор кунанд.

Хабаргузории “Ройтерз” рӯзи якшанбе, 25-уми октябр, ба нақл аз ду манбаи огоҳ гузориш додааст, ки меҳвари ин нишаст ҳамоҳангсозии минтақавӣ хоҳад буд.

Бар асоси гузориш, Холид бин Салмон, вазири дифои Арабистони Саудӣ ва Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дар ин нишаст ҳузур хоҳанд дошт.

Ба гуфтаи яке аз манбаъҳо, раиси Созмони истихбороти Туркия низ дар ин нишаст ширкат мекунад.

Ин дидор нахустин тамос дар сатҳи баланд миёни Эрон ва ҳамаи аъзои ин эътилофи секишварӣ пас аз афзоиши ҳамлаҳои неруҳои мусаллаҳи Яман, гурӯҳи ҳампаймони Эрон, ба Арабистони Саудӣ хоҳад буд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.10.2026 16:44

Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:58

Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд

Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
26.10.2026 10:07

Эрдуғон мушовири худро барканор кард: талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо Озарбойҷон

Раиси ҷумҳури Туркия дар пайи танишҳо бо Озарбойҷон бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар, мушовири аршади худ Оқтой Саралро барканор кард. Ба гузориши расонаҳо, ин тасмим метавонад ба иштироки Илҳом Алиев дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Туркия мусоидат кунад.
26.10.2026 07:50

Лула да Силва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия шуд

Луиз Инасиу Лула да Силва, раиси ҷумҳури чапгарои Бразилия, бо пирӯзӣ дар интихобот бар Флавиу Болсонару, сенатори ростгаро, бозгашти чашмгиреро рақам зада, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст.
26.10.2026 06:42

Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
24.10.2026 13:50

Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.