26 Октябр 2026,
душанбе, 23:41, Душанбе
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.

Бино ба гузориши расонаҳои байналмилалӣ, Бенӣ Бегин, ки қаблан намояндаи Кнессет буд, дар паёми видеоӣ аз фаъолияти сиёсии муштараки худ бо Нетаняҳу ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки тақрибан 10–15 сол пеш дар ҳукумати таҳти раҳбарии Нетаняҳу кор кардааст ва он давраро барои шаҳрвандони Исроил мусбат арзёбӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, он замон дар дохили ҳукумат баҳсҳои созанда сурат мегирифтанд ва ҳамкорон метавонистанд, сарфи назар аз ихтилофи назар, муносибатҳои дӯстона дошта бошанд.

Бегин афзуд, ки аммо баъдан вазъ тағйир ёфт ва рафтори Нетаняҳу боиси нигаронии ӯ шуд. Ӯ ёдовар шуд, ки панҷ сол пеш аз минбари Кнессет ба Нетаняҳу чунин савол дода буд: “Инсон то чӣ андоза метавонад ба оқиб равад?”

Бенӣ Бегин вазъи кунунии ҳукумати Нетаняҳуро “фоҷиае, ки дар пеши чашми ҳама рух дод” тавсиф карда, гуфт, ки мардум ин равандро бо тааҷҷуб мушоҳида мекунанд.

Интиқод аз сиёсати Нетаняҳу дар остонаи интихобот

Бенӣ Бегин ҳамчунин, аз сиёсати Нетаняҳу дар ду рӯзи пеш аз интихобот интиқод карда, ӯро шахси “изтиробзада, ҳарис ва тарсӯ” номид.

Ӯ Нетаняҳуро ба зарар расондан ба иқтисоди Исроил ва сипас, таҳдид ба партоби бомби атомӣ ба Тел-Авив муттаҳам кард. Бегин дар идомаи суханонаш гуфт: “Чунин нахуствазир барои ҳамаи мо таҳдид аст”.

Ӯ аз ҷонибдорони ҳизби “Ликуд” хост, ки ба ҳукумати Нетаняҳу хотима дода, онро ба курсиҳои оппозитсия фиристанд.

Бегин гуфт: “Рӯзи сешанбе, ба хотири ояндаи фарзандонамон ва хушбахтии набераҳоямон, ба ҳизбҳое раъй диҳед, ки ҳоло метавонанд ҳукуматро тағйир диҳанд”.

Аз ҳамсаф то мунтақидони Нетаняҳу

Бенӣ Бегин аз чеҳраҳои сиёсии Исроил аст, ки дар гузашта вазифаҳои гуногуни парлумонӣ ва вазоратиро, аз ҷумла дар ҳукуматҳои таҳти раҳбарии Нетаняҳу, бар уҳда дошт. Баъдан ӯ ба яке аз мунтақидони сиёсати нахуствазир табдил ёфт.

Соли 2019 Бенӣ Бегин аз ҷудо шуданаш аз ҳизби “Ликуд” хабар дод. Ин тасмимро ӯ ба эътирози аз равиши сиёсии ҳизб ва ихтилофҳо дар робита ба парвандаҳои ҷиноии Нетаняҳу марбут донист.

Соли 2020 ӯ ба ҳизби “Умеди нав”, ки Гидеон Саар раҳбарӣ мекард, пайваст. Ин ҳизб аз сиёсатмадороне ташкил шуда буд, ки бинобар ихтилоф бо Нетаняҳу аз “Ликуд” ҷудо шуда буданд.

Падари ӯ, Менахем Бегин, аз муассисони ҳизби “Ликуд” буд ва аз соли 1977 то соли 1983 вазифаи нахуствазири Исроилро бар уҳда дошт.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.10.2026 16:44

Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт

Имрӯз, 26-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовинони вазирони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, маориф ва илм, кумитаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, меъморӣ ва сохтмон, рушди сайёҳӣ, Агентии назорати давлати энергетикии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ва дигар мақомоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти рақамикунониро таъин намуданд.
26.10.2026 14:27

Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст

Бенӣ Бегин, писари Менахем Бегин, нахуствазири пешини Исроил ва муассиси ҳизби “Ликуд”, дар остонаи интихоботи Кнессет аз ҷонибдорони ин ҳизб даъват кард, ки ба неруҳои сиёсии хостори барканории Бенямин Нетаняҳу раъй диҳанд. Ӯ нахуствазири феълиро “таҳдид барои ҳамаи мо” номид.
26.10.2026 10:58

Заминҷунбӣ дар Афғонистон, Тоҷикистон, Покистон ва Узбекистон ба қайд гирифта шуд

Бинобар иттилои Маркази мониторинги сейсмикии Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, 25 октябр, соати 22:44:27 бо вақти Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон заминҷунбӣ ба қайд гирифта шуд.
26.10.2026 10:07

Эрдуғон мушовири худро барканор кард: талоши Туркия барои беҳбуди равобит бо Озарбойҷон

Раиси ҷумҳури Туркия дар пайи танишҳо бо Озарбойҷон бар сари манъи ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар, мушовири аршади худ Оқтой Саралро барканор кард. Ба гузориши расонаҳо, ин тасмим метавонад ба иштироки Илҳом Алиев дар нишасти Созмони кишварҳои туркӣ дар Туркия мусоидат кунад.
26.10.2026 07:50

Лула да Силва барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Бразилия шуд

Луиз Инасиу Лула да Силва, раиси ҷумҳури чапгарои Бразилия, бо пирӯзӣ дар интихобот бар Флавиу Болсонару, сенатори ростгаро, бозгашти чашмгиреро рақам зада, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шудааст.
26.10.2026 06:42

Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
24.10.2026 13:50

Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад

Дар асоси фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 26-уми октябр то 6-уми ноябри соли равон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон байни кӯдакони синнашон аз 6-моҳа то 5-сола (кўдаконе, ки аз 27 октябри соли 2021 то 26 апрели соли 2026 таваллуд шудаанд), гузаронида мешавад.
24.10.2026 11:07

Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд

Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ ба шаҳри Ваҳдат сафар карданд.