Бақоӣ: “Амрико бо туҳмат ба Эрон, дуздии дарёии худро фаромӯш кард”
Мақомҳои аршади Паймони Макка ба Теҳрон мераванд
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Бақоӣ: “Амрико бо туҳмат ба Эрон, дуздии дарёии худро фаромӯш кард”
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон мегӯяд, Амрико Эронро ба коре муттаҳам мекунад, ки раисҷумҳури ин кишвар қаблан бо ифтихор аз он ёд карда буд: дуздии дарёӣ.
Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба иттиҳомоти вазири корҳои хориҷии Амрико алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон, ба изҳороти зиддунақизи мақомоти Вашингтон ишора кард.
Ба гузориши хабаргузории “Тасним”, вазири корҳои хориҷии Амрико қаблан Эронро ба ҳамла ба киштиҳо муттаҳам карда, гуфта буд: “Аз замони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва даврони роҳзанҳои Баҳри Кариб чунин чизеро надида будем”.
Аммо, ба гуфтаи Бақоӣ, раиси ҷумҳури Амрико рӯзи 1-уми майи соли 2026 аз боздошти киштиҳои тиҷоратӣ ва ғорати борҳои нафтӣ бо ифтихор сухан гуфта буд. Ӯ дар ин бора изҳор дошта буд: “Мо мисли роҳзанҳои баҳрӣ ҳастем”.
Бақоӣ дар вокуниш ба суханони вазири корҳои хориҷии Амрико навишт: “Шояд раисҷумҳур аз он чандон хушҳол нашавад, ки вазираш ин қадар зуд ифтихори ӯро аз “роҳзани баҳрӣ будан” фаромӯш кардааст”.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон бо ин изҳорот ба он ишора кардааст, ки мақомоти Амрико Эронро ба амалҳое муттаҳам мекунанд, ки раисҷумҳури худи ин кишвар қаблан аз анҷоми онҳо бо ифтихор сухан гуфта буд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст
Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод