Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ
Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон иштирок намуд
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Боздиди Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ
Имрӯз, 24-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Сарвари давлат иттилоъ медиҳад, дар намоишгоҳ маҳсули меҳнати кишоварзони шаҳр, аз қабили сабзавоту анвои гуногуни меваи тару хушк, маҳсулоти консервашуда, полезӣ, ғалладонагию лӯбиёиҳо ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ ба маъраз гузошта шуда буд.
Иттилоъ дода мешавад, ки кишоварзони шаҳри Ваҳдат дар 9 моҳи соли равон ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзиро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расонидаанд, ки ба 108,1 дарсади дурнамо баробар аст.
Гуфта мешавад, ки маҳсули ҳунари занону кадбонуҳои шаҳр низ ба таври густурда пешниҳод гардид. Анвои гуногуни нон, фатир, кулча ва таомҳои миллӣ, ки бо завқи хос омода шуда буданд, бозгӯи ҳунари волои мардум, завқи баланди бонувону модарон ва заҳмати аҳлонаи онҳо мебошанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар як қатор вазорату кумитаҳо таъиноти кадрӣ сурат гирифт
Нурулло Алиев: “Ҳама чиз бо хости Худованд мешавад”
Писари муассиси “Ликуд”: Нетаняҳу барои ҳамаи мо таҳдид аст
Ду гол аз Мбаппе. “Реал Мадрид” “Барселона”-ро дар майдони худ шикаст дод