Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иддао кард, ки Вашингтон Эронро дар соҳаҳои низомӣ ва иқтисодӣ шикаст додааст. Доналд Трамп Теҳронро барои дастёбӣ ба силоҳи атомӣ муттаҳам намуда, дар мавриди мардуми Эрон суханҳои тавҳиномез гуфт.
Доналд Трамп рӯзи панҷшанбе, 22-уми октябр дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури ҷонибдорони Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Иёлоти Каролинаи Ҷанубӣ иддао кард: “Мо онҳоро (Эронро) аз ҷиҳати низомӣ, молиявӣ ва дар дигар соҳаҳо шикаст додаем”.
Президенти Иёлоти Муттаҳида дар идома гуфт, ки кишвараш талош дорад Эрон ҳеч гоҳ ба силоҳи атомӣ даст наёбад. Тибқи гуфтаи ӯ, ин масъала бояд дар солҳои гузашта ҳал мешуд.
Доналд Трамп бори дигар ба ҷойи “тангаи Ҳурмуз” аз “тангаи Трамп” истифода карда, гуфт, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ин тангаро муҳосира кардааст.
“Мо тангаи Трампро муҳосира кардаем. Ба фикри шумо арабҳо вақте ман онро чунин ном мебарам, чӣ назар доранд? Ба фикри шумо онҳо мухолиф нестанд”- зикр кард Доналд Трамп.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико афзоиши нархи неруи барқ ва сӯшвориро “баҳои хеле ночиз” барои падохт номид. Ӯ дар идомаи суханрониаш ба Эрон ҳамлаи лафзӣ карда, иддао кард, ки “Эрон дар ҷойи аввал аз нигоҳи ҳимоят аз терроризми давлатӣ қарор дорад. Онҳо бадтарин миллати рӯи замин мебошанд! Онҳо девонаанд”.
Трамп ҳамчунин, иддао кард, агар Эрон силоҳи атомӣ дошт, аз он “дар давоми як рӯз ё як соат” истифода мекард. Доналд Трамп барои ин иддаои худ далале пешниҳод накард.
Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар ҷараёни суханронӣ гуфт, Вашингтон “ҳамин ҳоло” мехоҳад Эронро тарк кунад, вале мехоҳад натиҷаи иқдомҳои Амрико барои муддатҳои тӯлонӣ боқӣ бимонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”