Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”
Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Расонаи давлатии Чин мегӯяд, бунёди роҳи Вахон то марзи Чин ба маънои боз шудани гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишвар нест.
Ин расонаи чинӣ амалан боз шудани гузаргози марзии Чину Афғонистонро рад кардааст. Ин расона менависад, ки бунёди роҳ аз боз шудани гузаргоҳи марзӣ фарқ мекунад. Ба иттилои ин расона, то замоне ки расман гузаргоҳи марзӣ боз нашавад, бунёди он неметавонад ба маънои барқарор шудани робитаҳои транзитии Чин бо Афғонистон бошад.
Қаблан Ҳамидуллоҳ Фитрат, муовини сухангӯи гурӯҳи террористии Толибон гуфта буд, ки бунёди роҳи 121-километрӣ аз Броғил то нуқтаи марзӣ бо Чин ба анҷом расидааст.
Ӯ иттилоъ дод, ки ин роҳ дар ду марҳила ва бо харҷи 365 миллион афғонӣ бунёд шудааст. Вазорати эҳё ва рушди деҳоти гурӯҳи террористии Толибон низ анҷоми роҳи Броғил то марзи Чинро тасдиқ кардааст.
Пас аз нашри ин хабар, баъзе расонаҳо анҷом додани бунёди роҳро як қадами муҳим барои пайвасти заминии Афғонистон ба Чин арзёбӣ карданд.
Расонаи чинӣ мегӯяд, ки бунёди роҳ фақат як қисми масъала аст ва то ҳол далели боз шудани гузаргоҳи расмии марзӣ ва оғози ҳаракати тиҷоратӣ миёни ду кишвар вуҷуд надорад.
Долони Вахон як минтақаи танги кӯҳистонӣ дар шимолу шарқи Афғонистон аст, ки ин кишварро ба Чин мепайвандад. Фаъол шудани гузаргоҳ дар ин минтақа метавонад барои тиҷорат ва роҳҳои транзитии Афғонистон аҳамият дошта бошад.
То кунун мақомоти Чин ва Толибон дар бораи оғози расмии транзити марзӣ тавассути ин масир ҷузъиёти бештаре нашр накардаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Кореяи Шимолӣ дар бораи Тайван ба Амрико ҳушдор дод
Трамп аз эҳтимоли ҳадафи ҳамла қарор гирифтани шаҳрҳои Амрико аз сӯйи Эрон изҳори нигаронӣ кард
Телевизиони давлатии Чин: боз шудани роҳи Вахон ба маънои боз шудани марзи Афғонистону Чин нест
Мунтахаби Тоҷикистон тими миллии Чинро дар майдони худ шикаст дод