6 Октябр 2026,
сешанбе, 22:20, Душанбе
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.

Ҳукумати Фаронса барои назорати вазъ ва муқобила бо эътирозҳои донишҷӯён неруҳои зиддиошӯбро ба кӯчаҳо фиристодааст. Эътирозгарон ба вазъи номусоиди мактабҳо, фарсуда шудани марказҳои таълимӣ ва камбуди омӯзгорон  эътироз доранд.

Яке аз эътирозгарон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, ки барои шаш моҳ аз доштани омӯзгори фанни муҳимме ба мисли математика-физика маҳрум будааст. Ба гуфтаи ӯ, дар чунин шароит “гирифтани диплом ғайриимкон шудааст”.

Полиси Фаронса дар посух ба эътирозҳо ба боздоштҳои густарда ва бархӯрд бо эътирозгарон даст задааст. Бар асоси гузоришҳои нашршуда, дар маҷмуъ дастикам 5 ҳазор нафар боздошт шудаанд. Бархе аз иштирокдорон низ ҷароҳатҳои шадид бардоштаанд.

Гузоришҳо аз осеби чашм, шикастани дандон ва зарбаи сар дар миёни маҷрӯҳон хабар медиҳанд.

Ин нооромиҳо дар ҳоле шиддат гирифтаанд, ки ба анҷоми давраи раёсати ҷумҳурии Эммануэл Макрон тақрибан шаш моҳ боқӣ мондааст. Ҳукумати Макрон ҳамзамон бо мушкили коҳиши касри буҷет рӯбарӯ мебошад.

Дар тарафи дигар, рақибони сиёсии Макрон, аз ҷумла Марин Ле Пен, раҳбари Ҳизби ростгарои ифротии Фаронса, дар ваъдаҳои интихоботии худ ба коҳиши хароҷоти давлати оянда таъкид мекунанд ва барои ҷалби раъйи бештари интихобкунандагон замина фароҳам меоранд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.
06.10.2026 17:04

Як шаҳрванди Афғонистон дар Амрико ба иттиҳоми сӯиистифодаи ҷинсӣ аз кӯдакон ба 35-соли зиндон маҳкум шуд

Бодшоҳ Соҳӣ, шаҳрванди 21-солаи Афғонистон ва сокини Арлингтон дар иёлати Техаси Амрико, ба далели тавлид ва нигаҳдории муҳтавои ҷинсии марбут ба кӯдакон, ба 35 сол зиндонии федералӣ маҳкум шудааст.
06.10.2026 11:27

53 дарсади украинҳо мегӯянд Зеленский бояд танҳо як давра президент бошад

Натиҷаи як назарсанҷии тоза дар Украина нишон медиҳад, ки 53 дарсади сокинони ин кишвар мехоҳанд давраи раёсати ҷумҳурии Владимир Зеленский ба ҳамин давраи кунунӣ маҳдуд шавад. Яъне, беш аз нисфи пурсидашудагон намехоҳанд ӯ дар интихоботи баъдии президентӣ ширкат кунад.