6 Октябр 2026,
сешанбе, 10:54, Душанбе
06.10.2026 10:06

Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард

Созмони Афви байналмилал бо ишора ба судури ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз сӯйи Додгоҳи ҷиноии байналмилал, аз кишварҳо хоста, ки дар сурати ворид шудани Нетаняҳу ба хокашон, ӯро боздошт кунанд.

Ин созмон, 5-уми октябр, дар сафҳаи “Х”, кишварҳои узви Додгоҳи байналмилалии ҷиноиро, муваззаф ба боздошти Нетаняҳу донистааст.

Бар асоси баёнияи ин созмон, сиёсатҳо ва иқдомҳои давлати Нетаняҳу марбут ба густариши шаҳраксозиҳо ва нақзҳои ҷиддии ҳуқуқи башар дар Каронаи Бохтарӣ ва Навори Ғазза, маҳкум шудааст.

Афви байналмилал гуфтааст: “Додгоҳи ҷиноии байналмилал дастур барои боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва дигар бозигарони ин ҷиноят дар даргирӣ содир кард. Афви байналмилал ёдоварӣ мекунад, ки кишварҳои узви додгоҳ муваззафанд ба таври қонунӣ Нетаняҳуро дар сурати ворид шудан ба қаламравҳояшон дастгир ва интиқол диҳанд”.

Бо ин ҳол, ҳарчанд аз судури ҳукми Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ алайҳи Нетаняҳу муддати зиёде мегузарад, аммо то кунун кишваре иқдом ба боздошти ӯ накардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

06.10.2026 10:06

Афви байналмилал бар боздошти Нетаняҳу таъкид кард

Созмони Афви байналмилал бо ишора ба судури ҳукми боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, аз сӯйи Додгоҳи ҷиноии байналмилал, аз кишварҳо хоста, ки дар сурати ворид шудани Нетаняҳу ба хокашон, ӯро боздошт кунанд.
06.10.2026 08:11

Пешвои миллат дар чорабинии идона бахшида ба 35-солагии истиқлоли давлатӣ иштирок намуданд

5-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб дар чорабинии тантанавии идона ба ифтихори ҷашни умумимиллӣ 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.