5 Октябр 2026,
душанбе, 20:21, Душанбе
05.10.2026 18:58

Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, барои гуфтугӯ дар бораи нақши миёнҷигаронаи Покистон дар муноқишаи миёни Амрико ва Эрон ба Исломобод рафт.

Хабаргузории давлатии Покистон (APP) рӯзи душанбе, 5-уми октябр, гузориш додааст, ки Гутерриш шоми якшанбе Ню-Йоркро ба мақсади Исломобод тарк кардааст.

Ӯ дар сафари чаҳоррӯзаи худ дар бораи нақши Покистон дар миёнҷигарӣ миёни Амрико ва Эрон ва ҳамчунин, нақши “созанда”-и ин кишвар дар ҳимоят аз музокироти миёни ду тараф гуфтугӯ хоҳад кард.

Гутерриш дар ин сафар бо Муҳаммад Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, Муҳаммад Исҳоқ Дор, муовини нахуствазир ва вазири хориҷа ва шуморе аз мақомҳои болоии ин кишвар дидор хоҳад кард.

Ӯ, ҳамчунин, бо Осиф Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон, мулоқот мекунад.

Стефин Дюҷаррик, сухангӯйи Дабири кулли Созмони Милал, гуфтааст, ки Покистон дар солҳои гузашта аз тариқи дипломатия ва миёнҷигарӣ барои наздик кардани тарафҳои даргир ба мизи гуфтугӯ талош кардааст.

Дабири кулли Созмони Милал пеш аз ин низ аз талошҳои дипломатии Покистон дар муноқишаи Ховари Миёна ва нақши ин кишвар дар дастёбӣ ба тафоҳумномае, ки заминаи барқарории оташбасро фароҳам кард, қадрдонӣ карда буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.