Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд
Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад
Трамп: “Нафрати миёни Путин ва Зеленский монеаи асосии сулҳи Украина аст”
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
Лавров рӯзи душанбе, 5-уми октябр, дар суханронии ифтитоҳии ин нишаст бар идомаи гуфтугӯҳои минтақаӣ дар бораи вазъияти Афғонистон таъкид кард.
Вазири хориҷаи Русия дар ин нишаст гуфта, ки кишварҳои ширкаткунанда дар “Формати Маскав” ба дунболи ҳамкорӣ бо Толибон (гурӯҳи террористӣ) бар асоси манфиатҳои мутақобил ҳастанд.
Ӯ ҳамчунин, аз поёни ҳузури ду даҳсолаи кишварҳои ғарбӣ дар Афғонистон истиқбол кардааст.
“Формати Маскав” дар соли 2017 ба ибтикори Русия эҷод шуд ва намояндагони кишварҳои минтақа дар чаҳорчӯби он дар бораи таҳаввулоти сиёсӣ, амниятӣ ва иқтисодии Афғонистон гуфтугӯ мекунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп: “38 пули Эрон дар тирраси мост / Ироқчӣ: “Бароятон ҷаҳаннам барпо мекунем
Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?
Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард
Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия