Президенти кишвар бо вазирони корҳои дохилии кишварҳои иштирокдори ИДМ мулоқот карданд
Масъалаи будубош ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар Молдова баррасӣ гардид
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Президенти Сербистон истеъфо дод
Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод
Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
"Чунин файлҳо метавонанд таҳти ниқоби барномаҳои бонкӣ, ҳуҷҷатҳо, расидҳо, даъватнома ба тӯй, аксҳо ё дигар маълумот ирсол шаванд. Боргирӣ ва насби чунин файлҳо метавонад ба қаллобон имкони дастрасӣ ба телефони мобилӣ, маълумоти шахсӣ, паёмакҳои SMS, замимабарномаҳои бонкӣ ва ҳамёнҳои электрониро фароҳам оварда, боиси тасарруфи маблағҳои пулӣ гардад", - омадааст дар иттилоияи Бонки миллии Тоҷикистон.
Дар ин росто, Бонки миллии Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки файлҳои формати «.apk»-ро, ки тавассути «Telegram», «WhatsApp» ё дигар манбаъҳои номаълум ва санҷиданашуда ирсол мешаванд, ҳеҷ гоҳ боргирӣ ва насб накунед, ба пайвандҳои (ссылка) шубҳанок, ки тавассути паёмрасонҳо, SMS-паёмак ёпочтаи электронӣ ирсол мешаванд, ворид нашавед, PIN-рамз, гузарвожа, рамзи якдафъаинаи SMS ва дигар маълумоти бонкии худро ба ҳеҷ кас надиҳед, манбае, ки аз он паём ё файли формати «.apk» омадааст бодиққат санҷед, ҳатто агар он аз номи шахси шинос, бонк, мақоми давлатӣ ё ташкилоти дигар ирсол шуда бошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Гутерриш барои гуфтугӯ дар бораи муноқишаи Амрико ва Эрон ба Покистон рафт
Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”
Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”
Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад