5 Октябр 2026,
душанбе, 15:10, Душанбе
03.10.2026 16:32

Паланги барфӣ шаҳри Синини Чинро ба ҷаҳон муаррифӣ мекунад

Дар баландии беш аз 2 200 метр аз сатҳи баҳр, дар канори шарқии Платои Тибету Синхай, шаҳри Синин мехоҳад бо як ҳайвони нодир чеҳраи худро ба ҷаҳон нишон диҳад: паланги барфӣ.

Аз соли 2024 инҷониб паланги барфӣ ба яке аз рамзҳои асосии шаҳр табдил ёфтааст. 2-юми  сентябри ҳамон сол Синин расман нишони “Пойтахти паланги барфӣ” ва симои шаҳрии марбут ба онро муаррифӣ кард.

Ин интихоби рамзӣ ба ҷуғрофияи минтақа низ иртибот дорад. Тибқи арзёбиҳои охирин, дар музофоти Синхай шумораи палангҳои барфӣ зиёда аз 1 200 сар аст. Танҳо дар минтақаи Санзянюан, ки масоҳаташ тақрибан 360 ҳазор километри мураббаъ мебошад, таҳқиқоти васеъ ҳузури тақрибан 1 002 паланги барфиро нишон додааст.

Аз кӯҳ ба маркази таҳқиқот

Яке аз ҷойҳои муҳим барои шиносоӣ бо ин ҳайвон Боғи ҳайвоноти ваҳшии Синин аст.

Тибқи маълумоти мақомоти Чин, дар муассисаҳои ҷамъиятии кишвар тақрибан 20 паланги барфӣ нигоҳдорӣ ва ба намоиш гузошта мешаванд. 12-тои онҳо дар Синин ҳастанд. Аксари ин ҳайвонҳо аз табиат наҷот дода шудаанд. 

Синин дар таҷрибаи парвариши паланги барфӣ низ ҷойгоҳи хос дорад. Дар ин ҷо соли 2016 парвариши муваффақи ин ҳайвон дар шароити асорат ба даст омад. Баъд аз он низ ҳолатҳои дигари тавлиди паланги барфӣ ба қайд гирифта шуданд.

Мутахассисон палангҳои барфии осебдида ва заифро қабул мекунанд, табобат менамоянд ва барои онҳое, ки имкони зиндагии мустақилона доранд, бозгашт ба табиатро ҳадаф мегузоранд. Аз соли 2017 ба ин сӯ марказ беш аз 15 паланги барфиро қабул ва наҷот додааст: сетои он аллакай ба табиат баргардонида шудаанд.

Вақте ҳифзи табиат ба бренди шаҳр табдил меёбад

Дар Синин паланги барфӣ аз кӯҳҳо ба кӯчаҳои шаҳр низ фаромадааст.

Тасвири он дар наққошиҳои деворӣ, экранҳои бузурги шаҳрӣ, маҳсулоти ёдгорӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ пайдо мешавад. Соли 2025 дар шаҳр “Кӯчаи паланги барфӣ” ба яке аз ҷойҳои ҷалби меҳмонон табдил ёфт.

Ҳадаф танҳо сохтани як бренди зебо набуд. Барои Синин паланги барфӣ як нишондиҳандаи муҳимми вазъи экосистемаи баландкӯҳ низ мебошад. Таҳқиқот нишон медиҳад, ки дар солҳои охир дар минтақаҳои атрофи шаҳр бо истифода аз дурбинҳои худкор чандин маротиба ҳузури паланги барфӣ сабт шудааст. Олимон инро нишонаи мавҷуд будани муҳити нисбатан солим ва имкони зиндагии ҳайвонҳои ваҳшӣ медонанд.

Рушди Туризм бо ҳузури паланги барфӣ

Синин ҳамзамон яке аз шаҳрҳои маъруфи тобистонаи Чин аст. Иқлими салқин ва ҷойгиршавии баландкӯҳӣ онро ба самти маъмули саёҳатҳои тобистона табдил додааст.

Омори расмӣ нишон медиҳад, ки танҳо дар соли 2025 Синин 38,59 миллион сайёҳ қабул кардааст. Даромади умумии сайёҳии шаҳр ба 40,61 миллиард юан расида, нисбат ба соли пеш тақрибан 20 фоиз зиёд шудааст.

Дар ҳамин раванд паланги барфӣ ба воситаи пайвастани экология, фарҳанг ва туризм табдил меёбад. Барои меҳмон он метавонад як ҷозибаи сайёҳӣ бошад: барои олим - объекти таҳқиқот, барои шаҳр - рамзи ҳифзи табиат.

Аз рамз ба масъулият

Паланги барфӣ дар муҳити сахти кӯҳистонӣ зиндагӣ мекунад ва барои зинда мондан ба экосистемаи солими баландкӯҳ ниёз дорад. Аз ин рӯ, ҳифзи он танҳо ҳифзи як навъи ҳайвон нест. Барои Синин ин маънои дигар низ дорад: агар шаҳр мехоҳад “пойтахти паланги барфӣ” бошад, бояд муҳитеро ҳифз кунад, ки худи паланги барфӣ дар он метавонад зинда монад.

Ҳамин аст паёми асосии бренди нави шаҳр - табдил додани як ҳайвони нодири кӯҳистон ба рамзи муносибати шаҳр бо табиат.

Синин мехоҳад, ки меҳмон ба ин шаҳр танҳо барои дидани паланги барфӣ наоянд. Мақсад ин аст, ки ӯ пас аз дидани ин ҳайвон, дар бораи кӯҳҳо, об, гуногунии биологӣ ва ояндаи экосистемаи Платои Тибету Синхай низ фикр кунад.

Бо ҳамин манзараи Синин барои журналистони Осиёи Марказӣ низ маънои дигар пайдо мекунад. Дар доираи барномаи “Ҳамдилона ба сӯйи оянда – 2026: насли Z-и Осиёи Марказӣ ба пойтахти тобистонаи Чин”, ки рӯзҳои 16–21 сентябри соли 2026 баргузор шуд, журналистон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ аз чандин мавзеъҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва табиии Синин боздид карданд.

Дар баробари Осорхонаи фарҳанги тиббии тибетии Синхай, Осорхонаи мероси фарҳангии ғайримоддии Синин ва Маркази намоишгоҳи шаҳрии Синин, боздид аз Боғи ҳайвоноти ваҳшии Синин имкон дод, ки меҳмонон аз наздик бо талошҳои Чин барои ҳифзи паланги барфӣ ва экосистемаҳои баландкӯҳ ошно шаванд.

Иштирокчиёни барнома аз наздик диданд, ки чӣ гуна ҳифзи як ҳайвони нодир метавонад ба як бахши фарҳанги шаҳр, таҳқиқоти илмӣ, рушди экотуризм ва ҳатто симои байналмилалии он табдил ёбад.

Шояд маҳз ҳамин аст муҳимтарин паёми Синин: баъзан барои ҳифзи як экосистема бояд аз ҳифзи як ҳайвон оғоз кард ва баъд ҳикояи он ҳайвонро ба миллионҳо нафар расонд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.