5 Октябр 2026,
душанбе, 15:09, Душанбе
05.10.2026 11:54

Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд

Масъулони ҳукумати террористии Толибон роҳи таранзитии Афғонистону Чин - Вахонро ифтитоҳ намуданд. Ин роҳ Афғонистонро ба Чин мепайвандад ва як роҳи транзитии байналмилалӣ аст.

Бар асоси навиштаи расонаҳои Афғонистон маросими ифтитоҳи роҳи транзитии Вахон рӯзи 4-уми октябр доир шуд ва ин роҳ метавонад робитаҳои тиҷоративу транзитии Афғонистон бо Чинро густариш диҳад.

Тибқи иттилоъ роҳ аз тариқи минтақаи Броғил дар ноҳияи Вахон то марзи Чин тӯл мекашад. Қисмати баистифодадодашуда тақрибан 120-121 километр дарозӣ дошта, аз тариқи дараи Вахҷир ва минтақаҳои Помир то нуқтаи марзӣ мерасад.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки ин аввалин роҳи транзитии заминии миёни Афғонистону Чин ба шумор меравад. Ин роҳ асосан бо хоку шағал сохта шудааст.

Ин роҳ бо 365 миллион афғонӣ сохта шуда, дар доираи он 66 обгузар, 4 купрук ва тақрибан 4 000 метр девори таягоҳӣ бунёд шудааст.

Долони Вахон дар шарқи вилояти Бадахшон ҷойгир буда, Афғонистонро бо Чин мепайвандад. Масофаи умумии роҳи Вахон аз ноҳияи Ишкошим то марзи Чин беш аз 300 километр гуфта мешавад, вале қисмати ифтитоҳшуда аз Броғил то нуқтаи марзӣ 121 километрро ташкил медиҳад.

Ифтитоҳи ин роҳ дар ҳоле сурат мегирад, ки Афғонистон солҳои охир талош дорад робитаҳои нақлиётӣ ва тиҷоратии худро бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ, густариш диҳад.

Долони Вахон аз нигоҳи ҷуғрофӣ аҳамияти хос дорад, зеро он Афғонистонро тавассути як минтақаи кӯҳистонӣ мустақиман ба Чин мепайвандад. Аммо истифодаи пурраи ин масир барои тиҷорати байналмилалӣ ба вазъи инфрасохтор, шароити кӯҳистон ва имкониятҳои гузаргоҳи марзӣ вобаста хоҳад буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.
05.10.2026 08:00

Сарвари давлат дар ноҳияи Фархор бинои Шуъбаи КДАМ-ро ифтитоҳ намуданд

4-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар маркази ноҳияи Фархор бинои нави Шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.