Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”
Мақомоти Эрон 31 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт карданд
Амирхон Мутаққӣ дар нишасти “Формати Маскав” бо Сергей Лавров дидор мекунад
Мақомоти Эрон 31 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт карданд
Вазорати иттилоот (амният)-и Эрон мегӯяд, 31 нафарро дар вилояти Кирмон ба гумони ҳамкорӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Исроил боздошт карданд
Бино ба гузориши шабакаи “Ал-Ҷазира”, ки 4-уми октябр нашр шудааст, мақомоти Эрон гуфтаанд, ки аз назди боздоштшудагон миқдори зиёди маводи тарканда ва “коктейлҳои Молотов” пайдо кардаанд.
Мақомоти амниятии Эрон дар бораи ҳувият ва ҷузъиёти парвандаи боздоштшудагон маълумоти бештар пешниҳод накардаанд.
Ин боздоштҳо дар ҳолест, ки дар моҳҳои охир мақомоти Эрон садҳо нафарро бо иттиҳоми ҷосусӣ ва ҳамкорӣ бо ИМА ва Исроил боздошт кардаанд.
Бархе аз парвандаҳои марбут ба ин иттиҳомҳо ба ҳукми қатл анҷомидаанд. Ин иқдомҳои мақомоти Эрон қаблан бо вокуниши кишварҳои дигар ва созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар рӯбарӯ шуда буданд.
Мақомоти Эрон дар чунин парвандаҳо маъмулан муттаҳамонро ба ҳамкорӣ бо хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ айбдор мекунанд. Аммо ҷузъиёти бисёре аз ин парвандаҳо ба таври мустақил тасдиқ нашудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”