Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”
Мақомоти Эрон 31 нафарро ба гумони ҳамкорӣ бо Амрико ва Исроил боздошт карданд
Амирхон Мутаққӣ дар нишасти “Формати Маскав” бо Сергей Лавров дидор мекунад
Амирхон Мутаққӣ дар нишасти “Формати Маскав” бо Сергей Лавров дидор мекунад
Дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия, нишасти ҳаштуми “Формати Маскав” бо ҳузури намояндагони олии кишварҳо ва намояндагони гурӯҳи террористии Толибон доир мегардад.
Дар ин бора Мария Захарова, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия иттилоъ дода, афзуд, ки дар ин нишаст намояндагони хос ва мақомоти баландпояи Русия, Эрон, Чин, Ҳинд, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ширкат менамоянд.
Тибқи иттилоъ, Амирхон Мутаққӣ, вазири корҳои хориҷии ҳукумати террористии Толибон барои ширкат дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” оид ба Афғонистон ба Русия рафт.
Гуфта мешавад, ки дар ин нишаст намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат мекунанд.
Ҳофиз Зиё Аҳмад, раиси иттилоот ва робитаҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои хориҷии Толибон рӯзи якшанбе, 4-уми октябр хабар дод, ки Мутаққӣ дар ин нишаст дар хусуси вазъияти кунунии Афғонистон суханронӣ хоҳад кард.
Ин нишаст дар замоне доир мешавад, ки вазъияти амниятӣ дар Афғонистон ва танишҳои ин кишвар бо Покистон аз масъалаҳои асосии мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои минтақа ба шумор меравад.
Гуфта мешавад, ки дар нишасти “Формати Маскав” масъалаҳои ҳамкории сиёсиву иқтисодӣ, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир баррасӣ мешавад.
“Формати Маскав” соли 2017 бо ташаббуси Русия барои муҳокимаи вазъияти Афғонистон ва ҷалби кишварҳои минтақа ба раванди ҳалли масъалаҳои вобаста ба ин кишвар ташкил шудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Беш аз 200 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» рақобат мекунанд
Омӯзгор ва мураббии соли Тоҷикистон-2026 маълум шуданд
Толибон роҳи транзитии Чину Афғонистон - Вахонро ифтитоҳ намуданд
Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”