Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад
Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Забони англисӣ дар баробари забони русиву чинӣ ба ҳайси забони расмии сеюми Созмони ҳамкории Шанхай қабул шудааст.
Дар ин хусус, Алок Димрӣ, намояндаи Ҳиндустон дар нишасти ҳамоҳангсозони миллии Созмони ҳамкории Шанхай дар Исломобод хабар дод. Тибқи гуфтаи ӯ, ин тағйир ба кишварҳои узв имкон дод, ки дар муоширати расмӣ аз забони англисӣ низ истифода намоянд.
Алок Димрӣ, ҳамоҳангсози миллии Ҳиндустон дар Созмони ҳамкории Шанхай ва мақоми баландпояи Вазорати корҳои хориҷаи ин кишвар дар мулоқот бо телевизиони давлатии Покистон - “РТV” гуфт, ки то ба имрӯз забонҳои русиву чинӣ дар кори расмии созмон нақши асосӣ доштанд.
Ӯ таъкид намуд, ки забони англисӣ низ ба забонҳои расмии Созмони ҳамкории Шанхай ҳамроҳ шудааст. Ин қарор дар нишасти Созмони ҳамкории Шанхай дар шаҳри Бишкек моҳи сентябр қабул шудааст.
Алок Димрӣ гуфт, тағйироти мазкур барои фаъолияти созмон аҳамияти муҳим дорад, зеро кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз минтақаҳои мухталифи осиёӣ ва авруосиёӣ иборат аст.
“То имрӯз кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай ба забонҳои русиву чинӣ гуфтугӯ мекарданд. Ҳоло ин гуфтугӯҳо ба забони англисӣ низ оғоз мешаванд”- зикр намуд ӯ.
Тибқи гуфтаи ӯ, кишварҳои узв барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои рушди иқтисодӣ, некӯаҳволӣ ва шукуфоии муштарак рӯзномаи муштарак таҳия кардаанд.
“Равобити минтақавӣ, транзит ва тиҷорат масъалаҳои муҳимме ҳастанд, ки мо баррасӣ кардем ва дар ин самт пеш меравем”, - гуфтааст намояндаи Ҳиндустон.
Ин масъала барои Ҳиндустон муҳим аст, зеро дастрасии мустақими ин кишвар ба Афғонистон ва Осиёи Марказӣ тавассути қаламрави Покистон маҳдуд мебошад. Ҳиндустон дар солҳои охир барои рушди масирҳои алтернативии тиҷоратӣ ва нақлиётӣ, аз ҷумла тавассути Эрон, талош кардааст.
Муколамаи тамаддунҳо дар Деҳлии Нав
Алок Димрӣ, инчунин, ба ташаббуси баргузории Форуми муколамаи тамаддунҳо дар доираи СҲШ ишора кард.
Ба гуфтаи ӯ, сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ қаблан пешниҳод карда буд, ки кишварҳои узви СҲШ масъалаҳои марбут ба тамаддун ва фарҳангро дар шакли муколама баррасӣ кунанд.
Кишварҳои узв дар нишасти Бишкек мувофиқа кардаанд, ки форуми муколамаи тамаддунҳо рӯзи 20-уми ноябр дар Деҳлии Нав баргузор шавад.
Алок Димрӣ гуфт, ки СҲШ имрӯз кишварҳои гуногуни Авруосиё ва Осиёро дар як платформа муттаҳид мекунад ва чунин ҳамкориҳо метавонанд ба рушди робитаҳои минтақавӣ мусоидат кунанд.
Покистон раёсати СҲШ-ро ба уҳда дорад
Нишасти ҳамоҳангсозони миллии СҲШ дар Исломобод дар давраи раёсати Покистон баргузор мешавад.
Исҳоқ Дор, муовини сарвазир ва вазири корҳои хориҷаи Покистон гуфтааст, ки кишвараш барои раёсати кушода ва фарогири созмон бар асоси принсипҳои “Рӯҳи Шанхай” талош мекунад.
Мавзуи раёсати Покистон дар СҲШ “Табдили дидгоҳ ба амал: пайвастагии минтақавӣ, навоварӣ ва шукуфоии муштарак” интихоб шудааст.
Иштироки ҳайати Ҳиндустон дар нишасти Исломобод аввалин сафари ҳайати ин кишвар ба Покистон пас аз амалиёти “Sindoor” мебошад.
Қаблан, моҳи октябри соли 2024, вазири корҳои хориҷии Ҳиндустон Субраманям Ҷайшанкар барои иштирок дар нишасти Шурои сарони ҳукуматҳои СҲШ ба Исломобод рафта буд.
СҲШ аз Русия, Чин, Ҳиндустон, Эрон, Покистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Беларус иборат аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
“Аз таҳсил дур монда буд”. Милитсияи пойтахт наврасеро аз волидонаш гирифта, ба мактаби махсус супурд
Хабарнигори “Ал-Ҷазира”: иқтисоди Тоҷикистон яке аз иқтисодҳои босуръат рушдёбандаи Осиёи Марказӣ аст
Намояндаи Ҳиндустон: Забони англисӣ забони сеюми СҲШ шуд
Вазорати хориҷаи Русия: Ҷанги Русияву Аврупо кӯтоҳ ва барқосо хоҳад буд