Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
01.10.2026 09:04
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Довуд Ноҷӣ, масъули Кумитаи сиёсии Ҷабҳаи озодии Афғонистон, аз даргирии неруҳои ин ҷабҳа бо гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшон, хабар додааст.
Ноҷӣ, асри рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр дар сафҳаи “Х” навиштааст, ки Толибон дар чандин навбат мавзеъҳои Ҷабҳаи озодиро бо силоҳҳои сангин ҳадаф қарор додаанд.
Ӯ гуфтааст, ки гурӯҳи террористии Толибон дар ҷавоб бо ҳамлаи неруҳои Ҷабҳаи озодӣ рӯбарӯ шудааст.
Ба гуфтаи Ноҷӣ, неруҳои Ҷабҳаи озодӣ дар мавзеъҳои худ қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки дар чанд рӯзи охир Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар вилоятҳои Нуристон ва Кунар низ хабар додааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
01.10.2026 09:48
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар доираи омодагӣ ба Ҷоми ҷаҳон-2026 мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо ҳамлосони худ аз Русия ду бозии дӯстона мекунад.
01.10.2026 09:47
Баррасии Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолӣ дар маҷлиси Ҳукумат
30-юми сентябр маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
01.10.2026 09:45
Мақоми собиқи CIA: Хадамоти ҷосусии Бритониё пуштибони асосии Зеленский аст
Ларри Ҷонсон, афсари собиқ ва таҳлилгари пешини Созмони марказии истихбороти Амрико (CIA), гуфтааст, ки Хадамоти махфии ҷосусии Бритониё (MI6) пуштибони асосии Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, мебошад.
01.10.2026 09:33
Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Шояд Эронро бомбборон кунем”
Доналд Трамп, раисҷумҳури ИМА рӯзи чоршанбе, 30-юми сентябр гуфт, ки Вашингтон барои расидан ба тавофуқ бо Эрон метавонад аз роҳи низомӣ истифода кунад. Ӯ ҳамчунин, эҳтимоли ҳамлаи дубора ба Эронро матраҳ карда, гуфт: “Шояд онҳоро бомбборон кунем”.
01.10.2026 09:17
Швейтсария хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ шуд
Швейтсария бо маҳкум кардани хушунати шаҳракнишинони исроилӣ алайҳи фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, хостори ҳифзи ғайринизомиёни фаластинӣ шудааст.
01.10.2026 09:11
Аксиос: Рубио ба ҳайати эронӣ дастур дод хоки Амрикоро тарк кунад
Сомонаи “Аксиос” ба нақл аз манобеъ дар Вазорати хориҷии Амрико гуфтааст, ки Марко Рубио, вазири хориҷии ин кишвар, рӯзи душанбе ва пас аз ба бунбаст расидани музокирот, аз ҳайати эронӣ хостааст, ки фавран хоки Амрикоро тарк кунанд.
01.10.2026 09:04
Ҷабҳаи озодӣ аз даргирӣ бо Толибон дар Бадахшон хабар дод
Довуд Ноҷӣ, масъули Кумитаи сиёсии Ҷабҳаи озодии Афғонистон, аз даргирии неруҳои ин ҷабҳа бо гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшон, хабар додааст.
01.10.2026 08:55
Тоҷикистон ва Қазоқистон робитаҳои байнипарлумониро баррасӣ карданд
Файзалӣ Идизода, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон ва Валихон Турехонов, сафири Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон масъалаҳои рушди ҳамкории байнипарлумонии ду кишварро баррасӣ кардаанд.
30.09.2026 15:45
Манзаралӣ Шералӣ: “Филми хуб ҳам худаш тамошобинро пайдо намекунад”
Аз 22-юми октябр дар кинотеатрҳои кишвар филми «Хуршеду Моҳ» ба намоиш гузошта мешавад. «Хуршеду Моҳ филми нави ошиқона буда, дар бораи ишқи нокоми Хуршед ва Моҳ қисса мекунад.
Dialog.tj бо коргардон ва муаллифи филмномаи «Хуршеду Моҳ» Манзаралӣ Шералӣ суҳбат кард, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мекунем.
30.09.2026 15:26
ИМА аз поёни миссияи низомӣ дар Ироқ хабар дод
Пентагон иддао мекунад, ки ИМА ва шариконаш бо хуруҷи неруҳо ва таҷҳизоти эътилоф аз Пойгоҳи ҳавоии Эрбил, ба миссияи низомии худ дар Ироқ поён додаанд.
30.09.2026 15:04
Тоҷикистон ва Қатар дар бораи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон гуфтугӯ карданд
Мақомоти Тоҷикистону Қатар масъалаи сармоягузорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки иқтисодии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар мулоқоти мақомоти ду кишвар раванди иҷрои лоиҳаи “Диёри Душанбе” мавриди гуфтугӯ қарор гирифт.
30.09.2026 14:33
Гардиши савдои Қазоқистон бо Тоҷикистон 25 фоиз афзоиш ёфтааст
Гардиши тиҷорати Қазоқистон ва Тоҷикистон дар ҳафт моҳи соли 2026 назар ба ҳамин давраи соли гузашта 25 фоиз зиёд шудааст. Ҳаҷми савдои ду кишвар дар ин давра ба тақрибан 855 миллион доллар расидааст.