Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард
Русия аз тасарруфи ду шаҳраки дигар дар ҷанги Украина хабар дод
Ироқчӣ: “Шартҳои Эрон барои бозгушоии тангаи Ҳурмуз ба Амрико пешниҳод шуд”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Маркази хабарнигорони Афғонистон эълом кардааст, ки аз замони тасаллути гурӯҳи террористии Толибон дар соли 2021, тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ ба иттиҳоми риоя накардани дастурҳои сахтгиронаи расонаии ин гурӯҳ боздошт ё зиндонӣ шудаанд.
Ин марказ рӯзи сешанбе, 29-юми сентябр, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки дар ин муддат маҳдудиятҳои густурдае бар фаъолияти расонаҳо дар Афғонистон ҷорӣ шудааст.
Бар асоси баёния, даҳҳо расона низ ба далелҳои гуногун ва дар пайи афзоиши маҳдудиятҳои корӣ, фаъолияти худро дар Афғонистон қатъ кардаанд.
Маркази хабарнигорони Афғонистон афзудааст, ки маҳдудиятҳои ҷоришуда бар расонаҳо, фаъолияти хабарнигорон ва кормандони расонаиро бо мушкилоти бештар рӯбарӯ кардааст.
Ин марказ рӯзи гузашта низ гуфта буд, ки ҳаққи дастрасии омма ба иттилоот дар Афғонистон бо саркӯби бесобиқа рӯбарӯ шуда ва дар амал аз байн рафтааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Иддаои Трамп: “Ҷанг бо Теҳрон ба зудӣ поён хоҳад ёфт”
Маркази хабарнигорони Афғонистон: тақрибан 300 хабарнигор ва корманди расонаӣ аз сӯйи Толибон боздошт шудаанд
Пешниҳоди Тоҷикистон ба Кореяи Ҷанубӣ: метавонем таъминкунандаи боэътимоди дарозмуддат бошем
Британия таҳримҳои нави ҷоринамуда бар зидди Эронро ба иҷро даровард