29 Сентябр 2026,
сешанбе, 11:35, Душанбе
29.09.2026 11:03

Ҳайати амрикоии «Комиссияи ҷанги Афғонистон» бо Осим Мунир дидор кард

Шамила Чудрӣ ва Калин Ҷексон, раисони муштараки “Комиссияи баррасии ҷанги Афғонистон”, бо Осим Мунир, раиси Ситоди артиши Покистон, дидор кардааст.

Расонаи “Дон” рӯзи 28-уми сентябр гузориш дод, ки ин ҳайати амрикоӣ бар нақши Покистон дар ҷараёни ҷанги Амрико дар Афғонистон тавсиф карда ва мушорикати ин кишварро сутӯдааст.

Бар асоси гузориш, артиши Покистон гуфта, ки дидори ин ҳайат бо Мунир бар меҳвари ҳимоятҳои Покистон, фазои амниятии минтақа ва таҳаввулоти Афғонистон, бо тамаркуз бар дидгоҳҳои марбут ба фаъолияти Комиссия будааст.

Осим Мунир дар ин дидор бар зарурати ҳамкории минтақаӣ ва ҳамчунин, баҳрагирӣ аз таҷрибаҳои Покистон, дипломатия ва амалиётии ҷанги Амрико дар Афғонистон таъкид кардааст.

Гуфтанист, ки Конгресси Амрико панҷ сол пеш “Комиссияи ҷанги Афғонистон”-ро ба унвони ниҳоди мустақил барои бознигарӣ дар тасмимоти Амрико перомуни ҷанги Афғонистон аз июни 2001 то августи 2021 ташкил дода буд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

29.09.2026 10:48

Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд

Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
29.09.2026 10:37

Трамп аз музокироти ғайримустақим бо Эрон хабар дод

Раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико гуфт, ҳайати музокиракунандаи Амрико бо намояндагони Эрон гуфтугӯҳои ғайримустақимро анҷом додаанд. Доналд Трамп ҳамчунин, иддао кард, ки Амрико дар ҷанги худ бо Эрон “ба зудӣ пирӯз хоҳад шуд ва қимати сӯзишворӣ коҳиш хоҳад ёфт”.
29.09.2026 07:07

Дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мегардад

Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5-ум то 9-уми октябр дар шаҳри Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор мегардад.
28.09.2026 15:34

Иштирок ва суханронии вазири рушди иқтисод ва савдо дар муколамаи шарикони рушд

Имрӯз, 28-уми сентябр дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода дар муколамаи шарикони рушд оид ба мусоидат ба рушди савдо, сайёҳӣ ва рақобатпазирии минтақавӣ иштирок ва суханронӣ намуд.
28.09.2026 11:11

Президенти Сербистон истеъфо дод

Александр Вучич, раиси ҷумҳури Сербистон, рӯзи якшанбе аз мақоми худ истеъфо дод ва ба давраи дуюм ва ниҳоии раёсати ҷумҳуриаш пеш аз анҷоми муҳлат хотима бахшид. Истеъфои ӯ роҳро барои баргузории интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ боз мекунад.
28.09.2026 10:58

Бо дастури Президент мактаби №6-и шаҳри Хоруғ ба номи Алишери Мирзонабот номгузорӣ мешавад

Имрӯз, 28-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарону фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
28.09.2026 10:57

Дар ҳашт моҳ 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст

Давоми ҳашт моҳи соли 2026 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоҳати 995,2 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ сохта ва ба истифода дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 34,3 дарсад зиёд мебошад.
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.