СММ: террористон дар Афғонистон ба силоҳҳои тактикӣ дастрасӣ пайдо кардаанд
Трамп: “Амрико барои поён додан ба ҷанг бо Эрон ба кумаки Русия Ва Чин ниёз надорад”
Намояндаи Путин: Аврупо ба сӯи фурӯпошӣ ва бесарусомонӣ меравад
Қазоқистон аккаунтҳои кӯдакони то 16 - соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Расонаҳои Афғонистон: 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон аз Нуристон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқод дода шуданд
Манобеи маҳаллӣ ба расонаҳои Афғонистон гуфтаанд, ки 13 ҷасади ҷангҷӯёни Толибон, ки дар даргириҳои вилояти Нуристон кушта шудаанд, ба вилоятҳои ҷанубии Афғонистон интиқол дода шудаанд.
Расонаҳои Афғонистон рӯзи душанбе, 28-уми сентябр дар такя ба манобеи маҳаллии худ, навиштаанд, ки панҷ ҷасад ба вилояти Урузгон ва ҳашт ҷасади дигар ба вилояти Ҳилманд интиқол дода шудаанд.
Ба гуфтаи расонаҳо, се ҷасад ба ноҳияи Деҳравуд ва ду ҷасади дигар ба ноҳияи Хоси Урузгон мунтақил шудаанд.
Манобеъ ҳамчунон мегӯянд, ки ду тан аз кушташудагон бошандаи Лашкаргоҳ ва шаш тани дигар бошандаи ноҳияи Сангини вилояти Ҳилманди Афғонистон будаанд.
Ин ҷангҷӯёни Толибон дар даргирӣ бо Ҷабҳаи озодӣ кушта шуда ва ҷасадҳояшон бо ҳавопаймоҳои низомии Толибон ба вилоятҳои ҷанубӣ интиқол дода шудааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамлаҳои ҷабҳаҳои мухолифи гурӯҳи террористии Толибон, аз ҷумла Ҷабҳаи озодӣ низ дар вилоятҳои мухталифи Афғонистон афзоиш ёфта ва дар бархе маворид ба Толибон талафоти сангин ворид кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дидори таърихии Трамп, Ҷинпин, Путин ва саволҳои беҷавоб дар бораи Украина
Муаррифии “Тоҷикистон - гаҳвораи таърих ва тамаддун дар Мовароуннаҳр (Осиёи Марказӣ)” дар Миср
Тоҷикистон ташаббуси лоиҳаҳои муштарак барои ҳифзи кӯҳҳо ва чарогоҳҳоро пешниҳод кард
Як сокини маҳаллӣ дар Ӯзбекистон ба гумони додани таълимоти динӣ ба 7 кӯдаки тоҷик боздошт шудааст