22 Ноябр 2026,
якшанбе, 06:53, Душанбе
28.09.2026 09:08

Раҳбари католикҳои ҷаҳон бар ҷилавгирӣ аз озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо таъкид кард

Поп Леои XIV-ум дар ҷараёни сафараш ба Фаронса, бо қурбониёни озори ҷинсӣ тавассути аъзои калисо дар ин кишвар дидор карда ва ваъда додааст, ки ҷилави ин гуна рафторҳоро дар миёни аъзои калисои католикӣ мегирад.

Хабаргузории Фаронса, рӯзи душанбе, 28-уми сентябр, гузориш дод, ки Поп дар дидор бо қурбониёни озори ҷинсии калисо дар Фаронса, гуфтааст, ки мутааҳҳид ба ҷилавгирӣ аз осебҳои бештар аст.

Бар асоси гузориш, Поп бо ҳафт тан аз қурбониёни озори ҷинсӣ, ки акнун бузургсол ҳастанд, дидори хусусӣ доштааст.

Ин дидор пас аз он сурат мегирад, ки расвоиҳои озори ҷинсӣ аз сӯйи аъзои калисои католикӣ дар нуқоти мухталифи ҷаҳон афзоиш ёфтааст.

Ин дар ҳолест, як таҳқиқ дар соли 2021-и мелодӣ нишон дод, ки рӯҳониён ё аъзои ғайрирӯҳонии калисо тайи 70 сол, ҳудуди 330 ҳазор кӯдак ва наврасро дар Фаронса мавриди озор қарор додаанд.

Бо ин ҳол, Поп Лео пештар дар нишасте хоста буд, то ба мубориза бо хушунатҳои ҷинсӣ ва ҷисмонӣ идома диҳанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

21.11.2026 14:33

Баҳси ҷадид дар парлумони Озарбойҷон: қатъи маблағгузории давлатии мактабҳои русӣ

Намояндаи Ҳизби ҳокими Озарбойҷон пешниҳод кардааст, ки масъалаи маблағгузории давлатии таҳсил ба забони русӣ дар мактабҳои кишвар аз нав баррасӣ шавад. Ин пешниҳод дар ҳоле матраҳ шудааст, ки ҳоло дар бахшҳои русизабони мактабҳои Озарбойҷон 157 ҳазор хонанда таҳсил мекунанд.
21.11.2026 14:10

Гандӣ: “Бо Исроил равобити стратегӣ дорем”

Раҳул Гандӣ, раҳбари мухолифони Ҳиндустон ва рақиби Нарендра Модӣ барои мақоми нахуствазирӣ, зимни сафар ба ИМА аз равобити кишвараш бо Исроил ҳимоят карда, гуфт, ки аз миёнаравии Покистон дар музокироти Амрико ва Эрон “шок” шудааст.
21.11.2026 13:46

Дар 9 моҳи соли 2026 беш аз 36 ҳазор шаҳрванди Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд

Дар 9 моҳи соли 2026 ба Тоҷикистон 36 ҳазору 400 шаҳрванди Қазоқистон сафар кардаанд. Ин кишвар аз рӯи шумори шаҳрвандони воришуда ба Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мақоми чорумро касб кардааст.
21.11.2026 11:26

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро баррасӣ карданд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия вазъи амниятӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таҳдидҳои минтақавиро баррасӣ кардааст.
21.11.2026 11:17

Қазоқистон дар миёни се шарики бузурги тиҷоратии Тоҷикистон қарор гирифт

Гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қазоқистон дар моҳҳои январ - октябри соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30,3 фоиз афзоиш ёфта, ба тақрибан 1 миллиарду 280 миллион доллар расидааст. Бо ин нишондиҳанда Қазоқистон дар миёни се шарики асосии тиҷорати Тоҷикистон қарор дорад.
20.11.2026 17:43

Тоҷикистон дар шохиси ҷаҳонии рушди сайёҳӣ берун монд

Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол дар шохиси нави ҷаҳонии Рушди сайёҳӣ ҷой нагирифт. Дар ин гузориш сабаби ба рӯйхат ворид нагардидани Тоҷикистон шарҳ дода нашудаст. Ин дар ҳолест, ки омори расмӣ мегӯяд, шумори сайёҳон афзоиш ёфтааст.