10 Ноябр 2026,
сешанбе, 23:42, Душанбе
26.09.2026 12:18

Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”

Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, ки дар сурати пазируфтани шартҳои Теҳрон аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида, тангаи Ҳурмуз метавонад дар давоми ҳафт рӯз боз шавад.

Ироқчӣ ин суханонро дар як нишасти хабарӣ дар Ню-Йорк баён карда ва гуфтааст, ки Эрон нақшаи ҳафтрӯзаи худро барои боз кардани тангаи Ҳурмуз тавассути Қатар ба ҷониби Амрико пешниҳод кардааст.

Ба гуфтаи ӯ, иҷрои ин нақша аз замони пазируфтани он аз ҷониби ИМА оғоз мешавад. Агар Вашингтон иқдомҳои мавриди назари Теҳронро анҷом диҳад, раванди боз кардани танга метавонад дар давоми чаҳор ё панҷ рӯз анҷом ёбад. Дар рӯзи шашум ҳаракати киштиҳо метавонад аз сар гирифта шавад ва дар рӯзи ҳафтум ИМА барои расидан ба созиши ниҳоӣ вориди музокирот шавад.

Ироқчӣ: “Эрон ба дипломатия пойбанд аст”

Вазири корҳои хориҷии Эрон таъкид кардааст, ки кишвараш ба ҳуқуқи байналмилал, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид ва дипломатия пойбанд аст.

Ӯ гуфтааст, ки ИМА ва Исроил алайҳи Эрон ҳамлаҳои низомӣ анҷом додаанд ва дар натиҷаи ин ҳамлаҳо беш аз 5 ҳазор нафар кушта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар миёни қурбониён садҳо зану кӯдак низ ҳастанд.

Ироқчӣ ҳамчунин, таъкид кардааст, ки хонаҳо, мактабҳо, бемористонҳо, иншооти энергетикӣ, муассисаҳои варзишӣ ва фарҳангӣ ва зерсохторҳои нақлиётӣ ҳадафи ҳамла қарор гирифтаанд.

Вай ин амалҳоро нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ номида ва гуфтааст, ки ИМА фишорҳои иқтисодиро ба воситаи “ҷинояти дастаҷамъӣ” табдил додааст.

Эрон: барномаи ҳастаӣ осоишта аст

Ироқчӣ дар бораи барномаи ҳастаии Эрон низ гуфтааст, ки иддаоҳои нав дар бораи барномаи ҳастаии ин кишвар дорои ангезаи сиёсӣ ҳастанд ва набояд ҷойгузини арзёбиҳои фаннӣ ва ҳуқуқӣ шаванд.

Ӯ иддаои наздик будани Эрон ба сохтани силоҳи ҳастаиро рад карда ва гуфтааст, ки Эрон аз соли 1970 узви Паймони манъи густариши силоҳи ҳастаӣ мебошад ва дар тӯли даҳсолаҳо барномаи ҳастаии он таҳти назорати Оҷонси байналмилалии неруи атомӣ қарор доштааст.

Тангаи Ҳурмуз то 28-уми феврали 2026 боз буд

Вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки кишвараш ҳамоно ба таъмини ҳаракати бехатару амни киштиҳо пойбанд аст, аммо ба гуфтаи ӯ, амнияти дарёӣ тавассути таҳдид, муҳосира ё фишорҳои иқтисодӣ барқарор намешавад.

Ироқчӣ таъкид кардааст, ки то 28-уми феврали соли 2026 тангаи Ҳурмуз боз буд ва ноамнӣ дар ин танга ва халалдор шудани ҳаракати киштиҳо, ба гуфтаи ӯ, натиҷаи мустақими иқдомҳои низомии ИМА ва режими Исроил аст.

Ӯ гуфтааст, наметавон як кишварро бомбаборон кард, онро ба нобудӣ таҳдид намуд ва ҳамзамон интизор дошт, ки амнияти дарёӣ ва ҳаракати киштиҳо ба таври худкор ба ҳолати муқаррарӣ бармегардад.

Теҳрон: созиши Исломобод иҷро нашуд

Ироқчӣ ҳамчунин, дар бораи Тавофуқномаи Исломобод гуфтааст, ки бо миёнҷигарии Покистон ва Қатар, Эрон ва ИМА 17-уми июн ин тавофуқномаро имзо карданд.

Ба гуфтаи ӯ, бар асоси банди панҷуми ин санад, Эрон уҳдадор шуда буд, ки барои ҳаракати бехатари киштиҳо шароити заруриро фароҳам кунад. Вай гуфт, Теҳрон фавран музокироти фаннӣ бо Уммонро барои иҷрои ин уҳдадорӣ оғоз кард ва дар давоми ду ҳафта ҳаракати киштиҳо ба тақрибан 60 дарсади сатҳи пеш аз ҷанг баргашт.

Аммо вазири корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки иқдомҳои баъдии якҷонибаи ИМА ва амалиёти низомии ин кишвар иҷрои тавофуқномаро қатъ кардааст.

Ба гуфтаи Ироқчӣ, таҷрибаҳои гузашта боис шудаанд, ки Эрон барои аз сар гирифтани музокирот бидуни гирифтани кафолатҳои муътамад барои пешгирӣ аз такрори чунин иқдомҳо, эътимоди кофӣ надошта бошад.

Вай таъкид кардааст, ки Теҳрон ҳанӯз дари дипломатияро боз нигоҳ доштааст, аммо таҳти фишор аз ҳуқуқҳои ҳокимиятии худ даст нахоҳад кашид.

Ироқчӣ дар поёни суханонаш гуфта, ки ҳоло интихоби ин масъала ба дӯши Иёлоти Муттаҳида аст. Ба гуфтаи ӯ, “дипломатия ба маънои таслим шудан нест” ва сулҳро наметавон тавассути таҳдид ба нобудӣ бунёд кард.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

10.11.2026 18:22

Раёсати созмони СААД ба Тоҷикистон мегузард. Президентҳои аъзои СААД дар Маскав чиро баррасӣ мекунанд?

Сарони кишварҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ имрӯз, 10-юми ноябр бо сафари расмӣ барои ширкат дар нишасти ин созмон ба шаҳри Маскав сафар карданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарони дигари кишварҳои узви ин созмон аллакай озими Русия шуданд.
10.11.2026 18:10

Намояндаи Путин бо Толибон дар бораи ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва мубориза бо маводи мухаддир гуфтугӯ кард

Замир Кобулов, намояндаи вижаи президенти Федератсияи Русия Владимир Путин рӯзи 10-юми ноябр дар Кобул бо Вазири корҳои хориҷии гурӯҳи террористии Толибон Амирхон Муттақӣ мулоқот намуда, дар баробари масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ, вазъияти мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуд.
10.11.2026 15:53

Сафари кории Президенти кишвар ба Федератсияи Русия

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар карданд.
10.11.2026 14:07

Иддаои ҷангталабонаи Трамп: “Миқёси ҳамлаи дубора ба Эрон панҷ баробар бузургтар хоҳад буд”

Доналд Трамп, раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳушдор дод, ки миқёси ҳамлаи нави низомӣ ба Эрон метавонад аз амалиёти қаблӣ панҷ баробар бештар бошад.
10.11.2026 14:03

Дар Пактиёи Афғонистон коргарони тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмарро аз кор барканор кардаанд

Дар вилояти Пактиёи Афғонистон аз кор барканор намудани чанд коргари тоҷиктабори Ҳилоли Аҳмар ва ба ҷойи онҳо таъйин намудани афроди наздик ба роҳбари ин ниҳод боиси нигаронӣ шудааст. Сарчашмаҳои маҳаллӣ ин иқдомро нишонаи хусумати қавмӣ ва хешутаборбозӣ дар сохтори як созмони башардӯстона медонанд.
10.11.2026 13:58

Аврупо мегӯяд музокира бо Толибон бузургтарин арзишҳои Аврупоро зери по мекунад

Намояндаи парлумони Аврупо дар Фаронса гуфт, ки музокироти кишварҳои аврупоӣ бо гурӯҳи террористии Толибон дар хусуси бозгардондани паноҳҷӯёни афғон боиси зери по шудани мавқеи Аврупо дар масъалаи ҳуқуқи инсон ва расман эътироф накардани ҳукумати Толибон шавад.
10.11.2026 11:55

Пешвои миллат: "Фаъолият дар мақомоти корҳои дохилӣ рамзи садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба қонун, ҳимояи сулҳу субот ва қонунияту тартибот мебошад"

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.
10.11.2026 11:54

Литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилӣ ифтитоҳ гардид

Имрӯз, 10-уми ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои муассисаи давлатии таълимии литсеи Дурахшандагони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд.
10.11.2026 10:06

Қазоқистон содироти гандум ба Тоҷикистонро зиёд мекунад

Ҷумҳурии Тоҷикистон мехоҳад ҳаҷми воридоти гандум аз Қазоқистонро зиёд кунад. Мақомоти ду кишвар барои воридоти гандум ва густариши ҳамкориҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо ҳам гуфтугӯ намудаанд. Ин раванд дар ҳоле баррасӣ мешавад, ки Қазоқистон аз ҳоло яке аз таъминкунандагони асосии бозори Тоҷикистон бо ғалладона ба шумор меравад.
10.11.2026 09:57

“Суперчемпион”-ҳо аз Тоҷикистон. Дастоварди назарраси хонандагони тоҷик аз Олимпиадаи ҷаҳонӣ

Тибқи иттилои маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Олимпиадаи ҷаҳонӣ оид ба арифметикаи зеҳнӣ бо иштироки намояндагони 10 кишвари ҷаҳон баргузор гардид.