Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст
Кремлин: Агар Аврупо ба сулҳ омада набошад, Русия аз неруи низомӣ истифода мекунад
Айзенкот: “Бо будани Нетаняҳу баргузории интихоботи озод имкон надорад”
Зеленский: “55 дарсади иқтидори коркарди нафти Русияро аз кор баровардем”
14 низомии Қазоқистон дар обҳои Баҳри Хазар ҷон бохтанд
Вазорати дифои Қазоқистон мегӯяд, ки ҷасади ҳамаи 14 низомии қазоқ дар пайи як садама ҳангоми размоиши дарёӣ дар Баҳри Хазар пайдо ва аз об берун оварда шудааст.
Бар асоси иттилои Вазорати дифои Қазоқистон, ҷасадҳои Мансур Гумаров, афсар ва Мирас Турдибекула, киштирон, ки қаблан бедарак шуда буданд, соати 9:15-и субҳи рӯзи ҷумъа пайдо шуданд. Бо пайдо шудани ин ду ҷасад, амалиёти ҷустуҷӯ ва наҷот ба анҷом расидааст.
Ин ҳодиса рӯзи 24-уми сентябр ҳангоми баргузории размоиши дарёӣ дар минтақаи Мангистау, дар соҳили Баҳри Хазар, рух додааст.
Ба гуфтаи Вазорати дифоъ, бар асари бад шудани вазъи обу ҳаво ва вазидани шамолҳои сахт, 17 низомӣ ғарқ шудаанд. Аз ин миён 14 нафар ҷони худро аз даст дода, 3 низомии дигар бо кумаки неруҳои наҷотбахш зинда мондаанд.
Дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҳуқуқӣ боз шуда, як комиссияи вижа таҳқиқи сабабҳо ва шароити рух додани садамаро оғоз кардааст.
Додситонии кулли Қазоқистон гуфтааст, ки афроди масъул, ки эҳтимол дар таъмини амнияти низомиён дар шароити номусоиди обу ҳаво ва ташкили дурусти амалиёти наҷот саҳлангорӣ кардаанд, муайян шудаанд.
Вазорати дифоъ ва неруҳои мусаллаҳи Қазоқистон бо изҳори ҳамдардии амиқ ба хонаводаҳо ва наздикони низомиёни ҳалокшуда таслият гуфтаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Трамп, Путин ва Ҷинпин дар дидори таърихӣ дар Чин баҳси атомӣ ва Украинаро ҳал мекунанд?
Масъалаи иштироки ҳунармандони Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Чаҳор кишвар аз Исроил хостанд, ки ба вуруди кумакҳои башардӯстона ба Ғазза иҷозат диҳад
Эрон: Кишти маводи мухаддир дар Афғонистон афзоиш ёфтааст