24 Сентябр 2026,
панҷшанбе, 21:48, Душанбе
24.09.2026 16:13

Си Ҷинпин: “Чин ва ИМА бояд шарик бошанд, на рақиб”

Си Ҷинпин, раиси ҷумҳури Чин дар оғози сафари расмии худ ба Иёлоти Муттаҳида гуфт, ки Пекин ва Вашингтон бояд ба ҷойи рақобат ба шарикӣ ва ҳамкорӣ тамаркуз кунанд.

Ба гузориши хабаргузории “Синхуа”, Си Ҷинпин рӯзи панҷшанбе пас аз ворид шудан ба хоки ИМА дар як паём навишт: “Чин ва Иёлоти Муттаҳида бояд шарики якдигар бошанд, на рақиб”.

Ӯ таъкид кард, ки Чин ва ИМА ҳар ду кишварҳои бузурганд ва мардумони ду кишвар низ миллатҳои бузург ба шумор мераванд.

Раиси ҷумҳури Чин бо ишора ба собиқаи равобити дӯстонаи мардумони ду кишвар ва ба ҳам пайвастагии манофеи онҳо гуфт, ки ду миллат метавонанд ҳамзамон пеш раванд, якдигарро такмил диҳанд ва барои ҷаҳон судманд бошанд.

Истиқболи Трамп аз Си Ҷинпин

Хабаргузории “Синхуа” пештар хабар дода буд, ки Си Ҷинпин ҳамроҳ бо ҳамсараш Пэн Лиюан, бонуи аввали Чин, ба хоки Иёлоти Муттаҳида ворид шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА ва ҳамсараш Мелания Трамп дар майдони ҳавоӣ аз Си Ҷинпин ва ҳамсараш истиқбол карданд. Ин истиқбол дар назди ҳавопаймои ҳомили раиси ҷумҳури Чин баргузор шуд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

24.09.2026 16:31

Созишнома миёни Тоҷикистону Сейшел оид ба бекор кардани раводид ба имзо расид

Дар шаҳри Ню-Йорк маросими имзои Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Сейшел оид ба бекор кардани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои амалкунандаи дипломатӣ, хизматӣ, расмӣ ва умумишаҳрвандии хориҷӣ барои будубоши кӯтоҳмуддат доир гардид.
24.09.2026 14:19

27 сол барои ба тасвир овардани таърих: қиссаи ҷолиби як тханкаи 618-метраи Тибет

Дар як осорхонаи шаҳри Синини Чин асаре нигаҳдорӣ мешавад, ки дарозии он аз шаш майдони футбол бештар аст. “Панорамаи бузурги фарҳанг ва санъати тибетии Чин” - тханкаи 618-метра таърих, дин, тиб, санъат, ҷуғрофиё ва расму ойинҳои мардуми Тибетро дар як рӯйхати бузурги мусаввар ба ҳам овардааст.
24.09.2026 10:22

Тоҷикистон ва Олмон масъалаи сафарбар намудани қувваи кориро баррасӣ карданд

Бо мақсади баррасии имконоти тавсеа ва таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар самти ҷалб ва сафарбар намудани қувваи корӣ муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Насим бо Томас Фёрстер, менеҷери генералии ширкати олмонии «Premium Food Group» мулоқот намуд.