15 Ноябр 2026,
якшанбе, 23:31, Душанбе
23.09.2026 18:01

“Ню-Йорк таймз” дурӯғҳои Трамп дар бораи нафт, Венесуэла ва Ғазза дар СММ-ро фош кард

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” дар гузориши хабарие суханронии Доналд Трамп дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси захираҳои нафт, ҷанги Ғазза ва мубориза бо маводи мухаддир ва чанд иддаоҳои муболиғаомези ӯро мавриди санҷиш қарор дода, дурӯғ будани онҳоро фош намудааст.

Президент Доналд Трамп рӯзи 22-юми сентябр дар вақти суханронӣ дар иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии ҳукумати худро номбар кард. Баъдан рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” баъди суханронӣ як қатор суханон ва иддаоҳои ӯро санҷид ва бо иттилооти дақиқ муқоиса намуд.

“На 60 фоиз, балки 22 фоиз”

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар вақти суханронӣ дар бораи захираҳои нафти Венесуэла гуфт, “вақте Иёлоти Муттаҳида ва Венесуэларо якҷо ҳисоб мекунед, мо беш аз 60 дарсад нафти ҷаҳонро дорем”.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” гуфт, ин рақам бо муболиға баён шудааст. Ин рӯзнома навишт, тибқи маълумоти Идораи иттилооти энергетикии ИМА Венесуэла тақрибан 303 миллиард бушка ва Иёлоти Муттаҳида тақрибан 46 миллиард бушка захираҳои собитшудаи нафт доранд. Дар маҷмуъ, ин тақрибан 22 фоизи захираҳои сабтшудаи нафти ҷаҳон аст, ки ҳаҷми умумии он қариб 1,6 триллион бушка арзёбӣ мешавад. Аз рӯи истеҳсоли ҳаррӯза низ саҳми ду кишвар, тиқби гуфтаи рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” тақрибан 23 фоиз аз истеҳсоли ҷаҳонии нафтро ташкил медиҳад.

“Ҷанг дар Ғаззаро хотима додем”

Дар ин суханронӣ Доналд Трамп гуфт, “чанд ҳафта қабл мо ҷангро дар Ғазза хотима додем ва ҳазорҳо нафарро аз марг наҷот додем”. Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” ин изҳоротро муболиғаомез номидааст. Рӯзнома менависад, ки Доналд Трамп дар моҳи октябри соли 2025 барои расидан ба оташбас дар ҷанги Исроил ва Ҳамос нақш дошт. Ба гуфтаи “Ню-Йорк таймз”, бо вуҷуди коҳиши амалиёти густурдаи ҷангӣ Исроил ҳамоно дар Ғазза амалиёт ва ҳамлаҳои низомӣ анҷом медиҳад.

Вазорати тандурустии Ғазза гуфт, ки дар чанд моҳи охир дар ҳамлаҳои низомии Исроил беш аз ҳазор фаластинӣ, аз ҷумла аъзои Ҳамос ва ғайринизомиён кушта шудаанд. “Ню-Йорк таймз” навишт, ки қисматҳои нақши пешниҳодкардаи сулҳи Трамп то ҳанӯз иҷро нашудаанд. Аз ҷумла, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, моҳи август нақшаи 15-моддаи ҳимояти ҳукумати Трамп барои халъи силоҳи Ҳамосро рад карда буд.

“97 фоизи маводи мухаддир нобуд шудааст”

Доналд Трамп дар хусуси амалиёти ИМА бар зидди киштиҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир афзуд, ки “Иёлоти Муттаҳида даҳҳо ҳамла ба киштиҳои қочоқбар анҷом дод, 97 фоиз маводи мухаддиреро, ки ба воситаи уқёнус ва дарё ворид мешуд, нобуд намудааст”. Трамп дар идомаи суханронии худ гуфт: “Мо 90 фоиз коҳиш ёфтаем. Онҳо 97 дарсад коҳиш ёфтаанд”. Аммо рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” менависад, барои чунин рақамҳо далели кофӣ пешниҳод нашудааст. Тибқи навиштаи рӯзнома Кохи сафед қаблан барои тасдиқ намудани ин иддао ба миқдори рекордии маводи мухаддири мусодирашуда дар моҳи июли соли 2025 ва ҳаҷми ками мусодираҳо дар моҳи декабр аз ҷониби яке аз бахшҳои Хадамоти гумрук ва ҳифзи сарҳади Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ишора намуда буд.

Ба навиштаи рӯзнома қисми зиёди маводи мусодирашуда марихуана буд. Дар ҳоле, ки Венесуэла бештар ба ҳайси масири интиқоли кокоин шинохта мешавад. Илова бар ин, маълум нест, ки ҳамаи ин мусодираҳо дар кадом минтақаҳо анҷом гирифтаанд.

Тибқи гуфтаи криминологҳое, ки қочоқи маводи мухаддир дар ин минтақаҳоро меомӯзанд, ҳамлаҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико эҳтимол, баъзе масирҳои қочоқро халалдор намудаанд, вале интиқоли маводи мухаддирро пурра қатъ накардаанд. Ба ҷои ин, қочоқбарон ба истифодаи масирҳои дигар гузаштаанд.

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” ба арзёбии дохилии Идораи мубориза бо маводи мухаддири Иёлоти Муттаҳидаи Аммрико ишора менамояд. Рӯзномаи “Вашингтон пост” қаблан хабар дода буд, ки бар асоси ин арзёбӣ ҳамлаҳо ба таъминот ё нархи кокоин дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсири қобили мулоҳиза нагузошта, қочоқбаронро водор намуд, ки аз истифодаи киштиҳои тезҳаракат ва обҳои байналмилалӣ бештар худдорӣ кунанд.

Трамп аз ҳашт ҷанг гуфт

Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳамчунин, нақши ҳукумати худ дар коҳиши як қатор низоъҳои байналмилалиро таъкид кард ва афзуд, ки дар поён додан ба ҳашт ҷанг нақш доштааст. Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” ин иддаоро рад кард ва навишт, баъзе ҳолатҳое, ки Трамп  онҳоро ҳамчун ҷангҳои хотимаёфта муаррифӣ кардааст, ба созишҳои муваққатӣ ё коҳиши шиддат вобаста аст, на ҳатман ба ҳалли ниҳоии низоъҳо.

Ҷанг бо Эрон

Дар бахши дигари суханронӣ Доналд Трамп дар бораи истифодаи миқдори зиёди муҳимоти низомӣ дар ҷанг бо Эрон сухан гуфт ва таъкид намуд, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳанӯз захираҳои зиёди силоҳ дорад. Рӯзнома мегӯяд, фақат оташбас эълон шудааст ва ҷанг идома дорад.

21 триллион сармоягузорӣ

Рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” навишт, Трамп як қатор иддаоҳои дигареро низ такрор намудааст, ки ин рӯзома қаблан санҷида буд. Трамп иддао кардааст, ки ҳукумати ӯ барои ҷалби 21 триллион доллар сармоягузории хориҷӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мусоидат намудааст. “Ню-Йорк таймз” мегӯяд, ин рақам тақрибан ду баробари ҳисобҳои худи Кохи сафед аст ва як қисми маблағҳои зикршуда сармоягузориҳои воқеан воридшуда набуда, балки ваъда ё лоиҳаҳои қаблан эълоншуда аст.

Дар гузориши худ, рӯзномаи “Ню-Йорк таймз” таъкид мекунад, ки суханронии Трамп дар Созмони Милали Муттаҳид бо як қатор рақамҳову иддаоҳои калон ҳамроҳ буд, ки дар вақти муқоиса бо иттилооти расмӣ ва арзёбиҳои мустақил, ба таври пурра тасдиқ намешаванд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

14.11.2026 15:16

“Ирсоли силоҳу техникаи ҳарбӣ ва ҳимояти низомӣ”. Тоҷикистон бо “кулбори пур” ба барчидани таҳдидҳои фаромарзӣ меравад

Бархе ниҳодҳои ҷосусии кишварҳо ба ин натиҷа расидаанд, ки гурӯҳи террористии Толибон ҳанӯз як таҳдиди фаромарзӣ ва барои амнияту субот дар Осиёи Марказӣ метавонанд хатарофарин бошанд. Ин нигаронӣ аз он ҷо сарчашма мегирад, ки дар таркиби гурӯҳҳои террористии Толибон мухолифони деринаи ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ, исломгароёни тундрав ва террористӣ ҳузур доранд.
14.11.2026 13:55

Тоҷикистон ва Малайзия ҳамкориҳоро дар соҳаи кишоварзӣ густариш медиҳанд

Душанбе ва Куала-Лумпур ният доранд ҳамкориҳоро дар бахшҳои обёрӣ, механикакунонии кишоварзӣ ва чорвопарварӣ густариш диҳанд. Ин масъала дар ҷараёни мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо вазири кишоварзӣ ва амнияти озуқавории ин кишвар Муҳаммад Сабу баррасӣ шудааст.
14.11.2026 09:36

Мушкили техникӣ дар фурудгоҳҳои Амрико садҳо хатсайри ҳавоиро аз парвоз боз дошт

Мушкилоти техникӣ дар низоми иртиботии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар фаъолияти фурудгоҳҳо мушкилот ба вуҷуд оварда, боиси лағви парвозҳо шудааст. Ин мушкил парвозҳои ҳазорон хатсайри ҳавоиро ба таъхир гузоштааст.
14.11.2026 08:28

Роберто Кардарелли: “Тоҷикистон имрӯз ба қарзи Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад”

Роберто Кардарелли, муовини директори Департаменти Ховари Миёна ва Осиёи Марказии Хазинаи байналмилалии асъор мегӯяд, ки вазъи қарзи давлатӣ ва муомилоти хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир устувор аст ва бо ин далел, ба гирифтани қарз аз Хазинаи байналмилалии асъор ниёз надорад.
13.11.2026 18:05

Тоҷикистон барои ҳамгироӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ талош дорад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадаф дорад ҳамкориҳоро бо кишварҳои минтақа дар соҳаи энергетика густариш дода, низоми барқи худро ба шабакаи ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст намояд. Рушди хатҳои интиқоли неруи барқ ва таҷдиди инфрасохтори мавҷудуда аз вазифаҳои асосӣ дар ин самт мебошад.
13.11.2026 18:01

Як ширкати қазоқӣ дар Тоҷикистон аз қаъри замин кони металҳои рангаро ҷустуҷӯ мекунад

Ширкати қазоқистонии истихроҷи тилло «Solidcore Resources» тасмим гирифтааст, ки бо Сарраёсати геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои иктишофиро барои пайдо намудани конҳои металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон оғоз кунад. Ҷониби Тоҷикистон бо ин ширкати қазоқӣ шартномаи панҷсоларо ба имзо расонд.
13.11.2026 16:00

Shohin Airlines ба чор минтақаи кишвар парвозҳои мунтазамро ба роҳ мемонад

АМИТ «Ховар» бо такя ба маълумоти Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines хабар дод, ки парвозҳои мунтазами дохили дар самти Душанбе – Хоруғ, Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Бохтар ва Душанбе – Кӯлоб ба роҳ монда мешавад.
13.11.2026 15:33

Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи сафири Ветнам дар Тоҷикистонро қабул кард

Имрӯз, 13-уми ноябр вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Сотсиалистии Ветнам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нгуен Тхань Леро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома қабул кард.