Бонки миллии Тоҷикистон мағозаи интернетии худро фаъол кард. Аз он чӣ метавон харид?
Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд
Оид ба тақсимоти неруи барқ ва омӯзишу бунёди неругоҳҳои барқи обӣ ду Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
“Нафси боиштиҳо”-и мошинҳо мақомоти Тоҷикистонро ба сӯйи Эрону Амрико мекашад
Истеҳсоли саноати Тоҷикистон дар ҳафт моҳ 13,1% зиёд шуд
Истеҳсоли саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 моҳи соли 2026 бо суръати назаррас рушд карда ва бахши коркард ба яке аз муҳаррикҳои асосии ин афзоиш табдил ёфтааст.
Тибқи арзёбии Бонки рушди Авруосиё ҳаҷми истеҳсолоти саноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январ то июли соли 2026 нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13, 1 фоиз бештар шудааст.
Натиҷаҳои таъсирбахш ба саноати коркард рост меояд. Бахши истеҳсолот дар як моҳ 24,7 фоиз афзоиш ёфтааст.
Бар асоси арзёбии таҳлилгарони Бонки рушди Авруосиё чунин суръати афзоиш метавонад аз боло рафтани сатҳи технологӣ ва тағйирёбии сохтори истеҳсолоти саноатии кишвар дарак диҳад.
Бар асоси иттилоъ, афзоиши саноат дар шароите ба даст омадааст, ки фаъолияти иқтисодӣ ва талабот дар дохили кишвар низ рушд ёфтааст.
Дар моҳҳои январ - июли соли ҷорӣ ҳаҷми савдои чакана дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин даври соли 2025 30,4 фоиз зиёд шуд. Сармоягузорӣ бошад, 35,9 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар баробари ин, содироти кишвар ба ҳисоби доллар 57,2 фоиз боло рафт, ки аз афзоиши фаъолияти иқтисодии Тоҷикистон дар бозорҳои хориҷӣ низ шаҳодат медиҳад.
Иттилооти расмӣ нишон дод, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон дар 7 моҳи соли гузашта ба 39,46 миллиард сомонӣ расидааст. Ҳаҷми истеҳсолот дар ҳамин давра нисбат ба соли гузашта 13,1 фоиз зиёд шудааст.
Дар ҳамин ҳол, бахши коркард тақрибан 20, 32 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд ва афзоши он 24,7 фоизро ташкил медиҳад.
Ин нишондиҳанда дар ҳолест, ки дар баъзе бахшҳои истихроҷӣ натиҷаҳо заиф мебошанд. Масалан, истеҳсоли нафту газ дар моҳҳои январ - июли соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 38,1 фоиз коҳиш ёфтааст.
Бонки рушди Авруосиё бар ин назар мебошад, ки афзоиши талаботи дохиливу хориҷӣ дар идомаи сол метавонад ба иқтисоди Тоҷикистон такони бештар диҳад. Бонки рушди Авруосиё рушди иқтисоди кишварро дар соли 2026 дар сатҳи 8,3 фоиз пешбинӣ мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Заминларза бо қувваи 7 бал дар Тибет: 16 нафар ба ҳалокат расида ва 65 тани дигар захмӣ шуданд
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид