Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард
Таърихнигори афғонистонӣ: телевизиони “тоҷикон” ё “порсиён” таъсис дода шавад
Дар шаҳри Душанбе Анҷумани байналмилалии “Пайванд” бо ҳузури Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва донишмандон аз кишварҳои мухталиф зери номи “Тоҷикистони мустақил - пайвандагари тамаддуни ориёӣ” нишаст доир намуд.
Дар ин нишаст Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишмандон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон ширкат ва суханронӣ намуданд.
Муҳиддин Маҳдӣ, таърихнигор ва собиқ вакили парлумони Афғонистон ширкат ва суханронӣ намуда, сиёсати зиддифорсии гурӯҳи террористии Толибонро маҳкум кард.
Муҳиддин Маҳдӣ дар ҷараёни суханронии худ таъкид кард, ки дастовардҳои Тоҷикистон барои тоҷикон ва тамаддуни форсӣ “бузург ва чашмгир” аст. Ӯ аз сиёсати Толибон нисбат ба форсизабонони Афғонистон интиқод кард. Таърихнигори афғонистонӣ ба эътирофи ҳувият, забон, фарҳанг ва ҳуқуқи ҳамаи қавмҳои Афғонистон ва ширкати одилонаи онҳо дар идораи кишвар таъкид намуд.
Муҳиддин Маҳдӣ ба нақши Эмомалӣ Раҳмон дар баробари истиқрори сулҳу субот дар Тоҷикистон ситоиш кард ва ҳамчунин, ба нақши Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд низ ишора намуд.
Муҳиддин Маҳдӣ дар ҷараёни суханронӣ пешниҳод кард, ки дар донишгоҳҳои кишварҳои форсизабон марказҳои омӯзиши таърих, фарҳанг ва гӯишҳои тоҷикони Афғонистон ва Тоҷикистон таъсис дода шаванд. Ӯ ҳамчунин, пешниҳод кард, ки як телевизион бо номи “тоҷикон ё “порсиён” ва ҳамчунин, як созмони муштарак барои таҳкими ҳамгироӣ миёни кишварҳои форсизабон таъсис дода шавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад