Аббос Ироқчӣ: “Амрико барои дифоъ аз Исроил 11 миллиард доллар сарф кардааст”
Дар натиҷаи ҳамлаи Ҷабҳаи озодӣ ба фурудгоҳи низомии Багром 10 Толиб кушта шудааст
Толибон бе Тоҷикистону Чин роҳи Долони Вахонро боз карданд. Чин гуфт, роҳ баста мемонад
Путин: “Шикасти Русия дар ҷанг ғайриимкон аст”
Тоҷикистон ба муносибати 35-солагии Истиқлол тангаҳои тиллоӣ ва нуқрагӣ баровард
Ба муносибати 35-солагии ҷашни Истиқлоли давлатӣ Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон тангаҳои хотиравии тиллоӣ ва нуқрагӣ баровардааст. Ин тангаҳо бар асоси унсурҳои миллӣ сохта шуда, таърихи истиқлолу арзишҳои давлатдории Тоҷикистонро инъикос мекунанд.
Тангаҳои хотиравӣ аз филизҳои қимматбаҳо, тиллои тозаи Au 999 ва нуқрагии Ag 925 сохта шудаанд. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, лоиҳаи тангаҳо дар асоси унсурҳои миллӣ ва ватандӯстона сохта шуда, роҳи паймудаи Тоҷикистон аз соли 1991 то ба имрӯзро фаро мегирад.
Дар рӯи тангаҳо навиштаҷоти “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ ва солҳои 1991-2026 ҷой дода шудааст.
Дар лоиҳаи онҳо нишони давлатии Тоҷикистон ва тасвири Маҷмааи Истиқлол дар маркази Душанбе низ таҷассум ёфтааст. Муаллифи лоиҳа ба манзараҳои табиии кишвар низ таваҷҷуҳ кардааст. Дар тангаҳо кӯҳҳо, пиряхҳо ва захираҳои обии Тоҷикистон низ тасвир шудааст.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ унсурҳои мазкур на фақат сарватҳои табиии Тоҷикистонро нишон медиҳанд, балки ба ташаббусҳои кишвар дар масъалаи ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои обӣ низ ишора мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон рӯзи 9 –уми сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон кард. Тоҷикистон имсол 35-умин солгарди ин рӯйдодро таҷлил мекунад ва барориши тангаҳои хотиравӣ аз ҷумлаи чорабиниҳои ҷашнии 35-солагии Истиқлол мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Аз 6-моҳа то 5-сола. Дар кишвар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ баргузор мегардад
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад