7 Октябр 2026,
чоршанбе, 17:46, Душанбе
03.09.2026 19:31

Аз Помир то Баҳри Миёназамин: таҳқиқот масири паҳншавии лоларо нишон дод

Як пажӯҳиши ҷаҳонӣ нишон дод, ки Осиёи Марказӣ эҳтимолан маркази асосии парвариш ва нигоҳдории лолаҳо мебошад. Олимон дар ҷараёни пажӯҳиш аз лолаҳои Тоҷикистон низ истифода карда, таърихи пайдоиши ин гиёҳ дар тӯли миллион солро баррасӣ намудаанд.

Гурӯҳи пажӯҳишгарони байналмилалӣ бо таҳлили ДНК -и 254 навъҳои лола тавонистанд, ки таърихи таҳаввули ин гиёҳро таҳлил намоянд. Тибқи гуфтаи онҳо, ин намунаҳо тақрибан 86 фоизи гуногунии мушаххаси лолаҳо дар ҷаҳонро дарбар мегиранд.

Натиҷаи таҳқиқоти пажӯҳишгарон дар маҷаллаи илмии “American Journal of Botany” нашр шудааст.

Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиш гули лола тақрибан 32, 5 миллион сол қабл аз гиёҳҳои наздиктарини хешованди худ ҷудо карда шудаанд.  Гуфта мешавад, ки гули лолаи имрӯза тақрибан 22, 8 миллион сол қабл дар Осиёи Марказӣ пайдо гардидааст. Пажӯҳишгарон мегӯянд, ташаккул ёфтани кӯҳҳо ва тағйири иқлим дар минтақа барои рушди гули лола шароити мусоид фароҳам овардааст.

 Сард ва хушк  шудани ҳаво ва пайдо шудани муҳитҳои мухталиф дар кӯҳҳо, даштҳо ва минтақҳои нимабиёбон боис шуда, ки гурӯҳҳои лола аз ҳам ҷудо гардида, тадриҷан намуди нави худро ташаккул додаанд.

Бар асоси пажӯҳиш тақрибан 92 фоизи навъҳои омӯхташуда дар панҷ миллион соли охир аз наздиктарин хешовандони худ ҷудо шудаанд. Имрӯз кӯҳҳои Тиёншон ва Помиру Олой аз муҳимтарин минтақаҳои лолаҳои худрӯй дар Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд.

Бар асоси ёфтаҳои пажӯҳигарон лолаҳо баъдтар аз Осиёи Марказӣ ба минтақаҳои дигар паҳн шудаанд. Яке аз масирҳои эҳтимолии паҳншавии онҳо аз даштҳои Қазоқистон ва Русия гузашта, ба Қафқозу Эрон ва Англия ва баъдан ба соҳилҳои Баҳри Миёнзамин расидааст.

Дар ин пажӯҳиш донишмандони Донишгоҳи Кембриҷ, Боғҳои ботаникии шоҳии Кю ва пажӯҳишгарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ширкат намудаанд.

Як қисми лолаҳои истифодашуда дар таҳқиқот дар дохили хоки Тоҷикистон ҷамъоварӣ шудааст. Корҳои саҳроӣ дар солҳои 2020 ва 2021 дар Бадахшон, Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи кишвар анҷом дода шудааст.

Мария Бобоева, доктори илмҳои биологӣ ва роҳбари Маркази илмии Хатлони Академияи миллии илмҳо, ҳамчунин, пажӯҳишгари аршади ин марказ Муҳаммад Яъқуб дар таҳқиқот ширкат кардаанд.

Дар миёни  лолаҳои ҷамъоваришуда навъҳои мухталифи ин гул, аз ҷумла лолаи пешистанс (Tulipa praestans), лолаи баргборик (Tulipa linifolia), лолаи Введенский (Tulipa vvedenskyi), лолаи ингентс (Tulipa ingens) ва лолаи Ҳисор (Tulipa hissarica) мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Таҳлили генетикии олиммон нишон дод, ки таснифи илмии баъзе навъҳои лола метавонад ба бознигарӣ ниёз дошта бошад. Пажӯҳишгарон дар ин таҳқиқот зерҷинси нави лола бо номи “Eduardoregelia”-ро муайян кардаанд. Бар асоси хулосаи таҳқиқоти олимон иттилои нави генетикӣ метавонад барои ба таври дақиқ муайян намудани навъҳои лола ва ҳифзи лолаҳои худрӯй дар Осиёи Марказӣ истифода шавад. Пажӯҳишгарон ҳамчунин, пешниҳод намудаанд, ки натиҷаҳои пажӯҳиш дар арзёбии вазъ, навъҳои лола ва навсозии китобҳои сурхи кишварҳои минтақа ба кор гирифта шаванд. Ин таҳқиқот ба он ишора мекунад, ки кӯҳҳои Осиёи Марказӣ метавонанд яке аз муҳимтарин марказҳои таърихии пайдоиш ва гуногуншавии лолаҳо дар ҷаҳон бошанд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

07.10.2026 17:20

Вазири рушди иқтисод ва савдо бо намояндаи Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея мулоқот намуд

7-уми октябр вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо директори иҷроияи Департаменти барномаи роҳбарони ҷаҳонии Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOICA) Ким Ён Ран вохӯрӣ намуд.
07.10.2026 16:19

Дастоварди табибони тоҷик: Аввалин бор дар кишвар ба як бемор рагҳои хунгарди сунъӣ гузошта шуд

Дар Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо аввалин маротиба дар кишвар ба як бемор, ки бо аневризмаи қисми камонак ва шоҳраги поёнраванда ба ин муассиса муроҷиат намуд, стент-графт дар шоҳраги қафаси сина гузошта шуд.
07.10.2026 12:04

Лавров: “Ихтилофи Толибон ва Покистон монеи ба даст омадани санади ниҳоии “Формати Маскав шуд”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, мегӯяд, ихтилофот миёни Толибон (гурӯҳи террористӣ) ва Покистон боис шуд, ки нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон натавонад ба санади ниҳоӣ даст ёбад.
07.10.2026 09:13

Месси: “Мехостам, то охири умр дар ҳайати мунтахаб бозӣ кунам”

Субҳи имрӯз, 7-уми октябр мунтахаби Аргентина бо тими миллии Бенин рақобат кард ва бозии мазкур бо ҳисоби 3:0 ба фоидаи аргентиниҳо ба анҷом расид. Дар ҳар се гол Месси саҳм дорад, яъне як гол ба самар расониду ду паси головар дод.
06.10.2026 18:38

Лавров: “Паёмадҳои иқтисодии ҷанг алайҳи Эрон ҷаҳонӣ аст”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия ҳушдор дод, ки ҷанги алайҳи Эрон барои иқтисоди ҷаҳон паёмадҳои манфӣ дорад. Ба гуфтаи ӯ, даргирии вобаста ба Эрон ба иқтисоди ҷаҳонӣ таъсири “бисёр манфӣ” мерасонад.
06.10.2026 18:33

Эътирозҳо дар Фаронса ба рӯзи 14-ум расиданд

Эътирозҳои мардумӣ дар Фаронса, ки ду ҳафта пеш аз атрофи Париж оғоз шуда буданд, ба дигар минтақаҳои кишвар низ паҳн шудаанд. Дар ҷараёни ин эътирозҳо миёни полис ва шаҳрвандон бархӯрдҳои хушунатомез ба қайд гирифта шудааст.