Тарғиби фарҳанги китобхонӣ. XIV Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Душанбе» баргузор мегардад.
Мақомот зани гумонбар ба дуздидани навзод аз таваллудхонаро дастгир кард
Бошгоҳи "Истиқлол"-и Душанбе дастаи "Ал-Арабӣ"-и Қувайтро шикаст дод
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
Тоҷикистон интизори ҷамъоварии садҳо ҳазор тонна пахта аст
Мавсими ҷаъоварии пахта дар Тоҷикистон оғоз гардид. Кишоварзони вилояти Хатлон нахустин шуда, барои чидани пахта ба саҳро баромаданд. Масъулони соҳаи кишоварзӣ интизоранд, то охири тирамоҳ тақрибан 400 ҳазор тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ кунанд.
Пахтакорӣ барои Тоҷикистон яке аз соҳаҳои муҳимми кишоварзӣ ба шумор меравад. Барои парвариши пахта дар ҳудуди 180 ҳазор гектар замин ҷудо шудааст ва дар ин мавсим кишоварзон умед доранд, ки тақрибан 400 ҳазор тонна пахтаи хом ба даст оваранд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ яке аз хоҷагиҳои фермерӣ дар 350 гектар пахта парвариш мекунад. Дар ин хоҷагӣ навъҳои “Флеш” ва “Мая” кишт шудаанд. Тибқи гуфтаи кишоварзон навъи Мая ба шароити иқлимии маҳаллӣ бештар мутобиқ буда, ҳосилнокии баландтар ва сифати нах дорад.
Кишоварзон мегӯянд, кишти пахта аз моҳи март оғоз шуда буд. Ба ҳисоби миёна аз ҳар гектар тақрибан нӯҳ тонна ҳосил гирифта мешавад. Дар ин хоҷагӣ то кунун 220 тонна пахтаи хом ҷамъоварӣ шудааст.
Як қисми пахтаи истеҳсолшуда барои содирот низ пешбинӣ шудааст. Пас аз ҷамъоварӣ маҳсулот ба анборҳои махсус интиқол дода шуда, дар он ҷо дар давоми тақрибан се рӯз хушк ва аз омехтаҳои нолозим тоза карда мешавад. Баъд аз коркарди аввалия пахта ба корхонаҳои коркард фиристода мешавад. Дар ин марҳила маҳсулот ба партияҳои калон омода шуда, барои истифода ба корхонаҳои нассоҷӣ интиқол меёбад.
Як масъули корхона гуфт, ки ҳар рӯз беш аз 40 тонна пахта ба корхона ворид мешавад. Барои пешгирӣ аз осеб дидани маҳсулот низоми вентилятсия ва ҳавокашӣ истифода мешавад ва ҳарорати дохили иншоот назорат карда мешавад. Ҷамъоварии пахта дар Тоҷикистон то моҳи ноябр идома хоҳад кард. Кишоварзон мегӯянд, ҳадафи онҳо ҷамъоварии ҳосили пешбинишуда ва бо ашёи хом таъмин кардани корхонаҳои дохилии нассоҷӣ мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”