Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Владимир Зеленский: “Русия ба Эрон кумак мекунад”
Трамп: “Агар ҷанг намекардем Эрон аз бомби атомӣ бар зидди душманонаш истифода мекард”
Кишварҳои Осиёи Марказӣ: Зарари офатҳои табиӣ дар ин минтақа дар 35 соли ахир беш аз 1 миллиард доллар аст
Намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар нишасте дар шаҳри Тошканд нақши муштараки мубориза бо селу ярч ва барномаи таҳким ва тобовар кардани шаҳрҳо дар баробари офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим то соли 2030-ро тасдиқ карданд.
Нишасти зикршуда рӯзи 19 ва 20-уми октябр дар шаҳри Тошканд баргузор шуд. Дар он масъалаҳои густариши ҳамкориҳои минтақавӣ, таъсиси низоми огоҳкунии пешакӣ ва ҳамоҳангсозии вокуниш ба офатҳои табиӣ баррасӣ шуд.
Тоҷикистон дар ин нишаст пешниҳод кард, ки маркази таълимии ин кишвар ба маркази минтақавии омодасозии наҷотдиҳандагон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ табдил дода шавад. Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ин пешниҳоди Тоҷикистон пуштибонӣ намуданд. Қарор аст, ин пешниҳод дар соли 2027 мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ҳамчунин, дар доираи ин нишаст натиҷаҳои иҷрои барномаи идоракунии хатарҳои иқлимӣ дар Ӯзбекистон низ муаррифӣ гардид. Дар ҳавзаҳои дарёҳои Исфайрамсай, Шоҳимардон ва Зарафшон арзёбии хатарҳои вобаста ба иқлим анҷом дода шудааст.
Бар асоси иттилои расонаҳо, маркази маълумоти обуҳавошиносӣ, гидрологӣ ва кишоварзӣ, ки дар маҷмуъ таърихи 700- соларо дарбар мегирад, барои хадамоти обуҳавошиносии Ӯзбекистон рақамӣ карда шуд.
Ташкилкунандагони ин нишаст иттилоъ доданд, ки аз соли 1991 то ба ин рӯз дар кишварҳои Осиёи Марказӣ беш аз 1, 1 миллион нафар аз сел осеб дидаанд.
Дар ин нишаст ҳамчунин, роҳҳои баланд бардоштани тобоварии шаҳрҳо дар муқобили офатҳои табиӣ ва тағйирёбии иқлим мавриди баррасии намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ қарор гирифт.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ироқчӣ ба Амрико бори дигар ҳушдор дод
Тоҷикистон мехоҳад бо ширкатҳои чинӣ неругоҳҳои офтобӣ ва бодӣ бунёд кунад
Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон гули лола ва сиёҳгӯш гулҳои миллӣ эълон шуданд
Тавҳини Трамп бар миллати Эрон: “Эрониҳо бадтарин миллати рӯи заминанд”