Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Хонаи истиқоматӣ ва мукофотпулӣ. Қадрдонии Шоҳрух Назаров пас аз муваффақият дар Бозиҳои V параосиёӣ
31 созишнома бо 1,2 миллиард сомонӣ. Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба имзо расид
Муҳаққиқи ҷавони тоҷик ба узвияти як ниҳоди илмии машҳури амрикоӣ қабул шуд
Ризои Баҳромзод, пажӯҳишгари ҷавони тоҷик дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук иттилоъ дод, ки ба узвияти Ассотсиатсияи амрикоии рушди илм (American Association for the Advancement of Science (AAAS) қабул шудааст ва ҳамчунин, мақолаи илмияш дар маҷаллаи бонуфузи “Социология науки и технологий” нашр гардидааст.
Гуфтам мешавад, ки Ассотсиатсияи амрикоии рушди илм (American Association for the Advancement of Science (AAAS) дар соли 1848 таъсис ёфта ва яке аз куҳантарин ва бузургтарин ҷамъиятҳои илмии бисёрсамтаи ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Дар ин ниҳоди илмӣ масъалаҳои зиёд, аз ҷумла пешбурди технология ва сиёсати илмӣ, маориф, иртибототии илмӣ, ҳамкориҳои илмӣ ва дипломатияи илмӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор мегирад. Ҳамчунин, ин ниҳоди илмии амрикоӣ ношири маҷаллаҳои илмии машҳури ҷаҳон ва маҷаллаи “Science” мебошад.
Бар асоси иттилои Ризои Баҳромзод мақолаи илмии наваш дар Рӯзи дониш дар маҷаллаи илмии «Социология науки и технологий» нашр шудааст. Бар асоси иттилои ӯ маҷаллаи мазкур дар пойгоҳи байналмилалии “Web of Science Core Collection” (ESCI) индексатсия шудааст ва аз тарафи Институти таърихи табиатшиносӣ ва техникаи ба номи С. И. Вавилови Академияи илмҳои Русия нашр мешавад.
Ризои Баҳромзод дар хусуси заҳматталабии ин дастовард чунин афзуд: “Онҳое, ки таҷрибаи нашри мақола дар маҷаллаҳои шомили “Scopus” ва “Web of Science”-ро доранд, хуб медонанд, ки омода кардани як таҳқиқот, гузаштан аз марҳилаҳои баррасӣ, тақриз, ислоҳу такмил ва дар ниҳоят расидан ба нашр то чӣ андоза вақт, сабр ва заҳмат талаб мекунад. Хусусан вақте ки тамоми ин роҳро мустақилона тай мекунӣ”.
Ризои Баҳромзод яке аз муҳаққиқони ҷавони тоҷик дар риштаҳои илмҳои дақиқ аст ва дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук мавзуъҳои муҳимми ин соҳаро мавриди баҳсу баррасӣ қарор медиҳад. Ӯ бо нашри бархе мақола ва назрияҳои илмӣ ба ҷавонони тоҷик роҳи расидан ба қуллаи илмро нишон медиҳад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Пешвои миллат дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии Лормедро ифтитоҳ намуданд
Боздошти марде бо гумони қаллобӣ: "Ваъда мекард, ки тавассути никоҳи сохта ба Амрико равон мекунад"
Дидгоҳи як тоҷик дар Синхуа. Наздикшавии Чин ва Осиёи Марказӣ ояндаи СҲШ шакл медиҳад
Русия даст доштан бар таблиғоти интернетии зидди яҳудиёнро рад кард