Ҳам ҷоизапулӣ ва ҳам роҳхат. Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон-2026 маълум шуд
Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт
Дар 9 моҳ дар кишвар 104 муассисаи тиббӣ сохта шудааст
Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард
Игор Суров сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон таъин шуд
Бинобар иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мутахассиси 40-солаи рус Игор Суров сармураббии нави мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) таъйин гардид.
Гуфта мешавад, ки дар ин вазифа ӯ Далер Каёсовро иваз кард, ки бо хоҳиши худ аз мақоми сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон канор рафт.
Манбаъ навиштааст, ки Игор Суров наврасони кишварро ба Ҷоми ҷаҳон-2026 омода мекунад. Ин мусобиқа аз 19-уми ноябр то 13-уми декабр дар Қатар баргузор мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ба ҳайати ситоди мураббиён Шамсиддин Қосимов, Ҷаъфар Ахмедов ва Элчибек Рашидбеков шомил шуданд. Умед Чоршанбиев ба омодагии дарвозабонҳо масъул хоҳад буд.
Зикр мегардад, ки Игор Суров қаблан дар бошгоҳҳои «Сумида»-и Муғулистон, «Эсхата»-и Хуҷанд, «Барс»-и Қирғизистон ва «Машъал»-и Узбекистон фаъолият кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Ифшои расонаҳои Амрико: Сенатори мусалмон бо бародараш издивоҷ кардааст
Зиёда аз 4 миллион сомонӣ. Директори ҶДММ «Рахмон 2016» бо гумони қаллобӣ дастгир шуд
255 евро. Криштиану Роналду ҷарима ва муддате аз футбол маҳрум карда шуд
Сипоҳи посдорон мегӯяд ду нафткаш дар тангаи Ҳурмуз оташ гирифт