19 Октябр 2026,
душанбе, 15:31, Душанбе
25.08.2026 08:51

Пешков сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон ва пайгири “сулҳи тоҷикон” даргузашт

Дипломате, ки солҳои душвори раванди сулҳи тоҷикон ва баъдан муносибатҳои Душанбею Маскавро аз наздик пайгирӣ мекард, дар синни 76-солагӣ даргузашт. Ӯ Тоҷикистонро кишваре медонист, ки бо Русия манфиатҳои наздики сиёсӣ ва амниятӣ дорад.

Максим Пешков, сафири собиқи Русия дар Тоҷикистон ва яке аз дипломатҳои шинохтаи ин кишвар дар умури Осиёи Марказӣ, 22-уми августи соли 2026 даргузашт. Вазорати корҳои хориҷии Русия рӯзи 23-уми август хабар дод, ки ӯ дар арафаи 77-солагиаш аз олам гузаштааст.

Максим Пешков аз соли 2000-ум то 2005 сафири фавқулода ва мухтори Русия дар Тоҷикистон буд. Пеш аз ин ҳам ӯ бо Тоҷикистон робитаи мустақим дошт. Соли 1996 роҳбари миссияи Русия оид ба мусоидат ба танзими низоъи байни тоҷикон буд ва дар раванди музокироте, ки дар ниҳоят ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон дар соли 1997 анҷомид, иштирок кард.

Дар китоби «Дипломатияи Тоҷикистон: дирӯз ва имрӯз»-и Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ номи Пешков ҳамчун сафири Русия дар Душанбе сабт шудааст. Ӯ 8-уми июни соли 2000-ум ба ин мақом таъин шуда, 30-уми июни ҳамон сол эътимодномаашро ба Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супурда буд. Фаъолияти сафириаш то 23-уми майи соли 2005 идома кард.

«Тоҷикистон бароям мисли хонаам аст»

Муносибати Максим Пешков ба Тоҷикистон баъд аз анҷоми фаъолияти сафириаш низ тағйир наёфт. Соли 2010, вақте ӯ дигар сафир набуд ва вазифаи директори Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русияро ба уҳда дошт, дар Душанбе дар як нишасти байналмилалӣ иштирок кард.

Ба навиштаи расонаҳо, Максим Пешков дар он замон гуфт, ки худро дар Тоҷикистон «мисли дар хонаи худ» эҳсос мекунад. Вақте аз ӯ пурсиданд, ки оё дар муносибатҳои Тоҷикистону Русия «гармшавӣ» ба вуҷуд омадааст, ӯ посух дода буд: «Не, ин дуруст нест. Зеро сардшавие умуман вуҷуд надошт».

Ин суханони Максим Пешков дар замоне садо дода буданд, ки муносибатҳои Душанбе ва Маскав масъалаҳои гуногун, аз ҷумла муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳамкории низомӣ ва марзӣ, иқтисод ва ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро дар бар мегирифт.

«Русия ва Тоҷикистон ба якдигар ниёз доранд»

Максим Пешков дар давраи сафириаш борҳо аз аҳамияти муносибатҳои Тоҷикистону Русия гуфта буд. Дар як мусоҳиба ӯ муносибатҳои ду кишварро бо ибораи кӯтоҳ чунин тавсиф кардааст: «Русия ва Тоҷикистон ба якдигар ниёз доранд».

Ба гуфтаи ӯ, баъд аз анҷоми Ҷанги шаҳрвандӣ ва имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар соли 1997 дар Тоҷикистон равандҳои субот тадриҷан қувват гирифтанд. Максим Пешков, ки худ дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон иштирок карда буд, дар бораи тағйироти баъдиҷангӣ гуфта буд, ки чанд сол пеш аз ин сокинони Душанбе ҳатто аз сафар ба минтақаи истироҳатии дараи Варзоб метарсиданд.

Барои дипломате, ки солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро аз наздик дида буд, ин тағйирот яке аз муҳимтарин натиҷаҳои раванди сулҳ ба ҳисоб мерафт.

«Плюсов гораздо больше»

Максим Пешков муносибатҳои Русия ва Тоҷикистонро танҳо ба масъалаҳои амниятӣ маҳдуд намедонист. Соли 2003 ӯ дар бораи вазъи муносибатҳои ду кишвар гуфта буд, ки «плюсов гораздо больше» — «ҷиҳатҳои мусбат хеле бештар ҳастанд».

Ба гуфтаи ӯ, ҳамкории сиёсӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар сатҳи қаноатбахш қарор дошт, аммо имкониятҳои ҳамкории иқтисодӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ ҳанӯз пурра истифода нашуда буданд. Ин баёнгари яке аз мавқеъҳои асосии Максим Пешков буд: муносибатҳои ду кишварро бояд на танҳо аз дидгоҳи амният, балки аз нигоҳи иқтисод, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо низ густариш дод.

Амният ва марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар солҳои сафирии Максим Пешков масъалаи амнияти марзи Тоҷикистон бо Афғонистон яке аз мавзуъҳои муҳимми муносибатҳои Душанбе ва Маскав буд. Ӯ дар бораи ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон гуфта буд: «Неруҳои мо дар Тоҷикистон то замоне хоҳанд буд, ки вазъият талаб кунад ва роҳбарияти Русияву Тоҷикистон ба он розӣ бошанд».

Он солҳо Тоҷикистон ҳамчун яке аз кишварҳои калидии минтақа дар муқобили таҳдидҳои аз Афғонистон омадаро мавриди таваҷҷуҳи Русия қарор дошт. Пойгоҳи низомии 201-и Русия ва ҳамкории марзбонӣ аз масъалаҳои асосии музокироти ду кишвар буданд. Максим Пешков, инчунин, дар соли 2010 дар Душанбе дар бораи идомаи ҳамкории хадамоти марзбонии Тоҷикистону Русия суҳбат карда буд. Расонаҳо он замон хабар дода буд, ки байни хадамоти марзбонии ду кишвар гурӯҳи корӣ барои баррасии ҳамкории минбаъда таъсис ёфтааст.

Дипломате, ки бо Тоҷикистон пайванди тӯлонӣ дошт

Максим Пешков фаъолияти дипломатии худро соли 1972 оғоз карда, солҳои зиёд дар Эрон ва Афғонистон кор кардааст. Ӯ забони форсиро дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Маскав, аз худ карда буд.

Вазорати корҳои хориҷии Русия дар хабари маргаш ӯро дипломате номид, ки дар таҳия ва татбиқи сиёсати хориҷии Русия дар самти рушди муносибатҳо бо кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ саҳми назаррас гузоштааст. Пас аз анҷоми сафириаш дар Тоҷикистон, Максим Пешков солҳои 2005–2012 Департаменти сеюми кишварҳои ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русияро роҳбарӣ кард. Баъдан, аз соли 2012 то 2017 сафири Русия дар Ирландия буд. Ӯ бо “Ордени Дӯстӣ”, медали ордени «Барои хизматҳо дар назди Ватан» дараҷаи II ва унвони «Корманди фахрии Вазорати корҳои хориҷии Русия» қадрдонӣ шудааст.

Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфта мешавад, ки Максим Пешков бо «касбияти баланд, масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва принсипнокиаш» аз дигарон фарқ мекард.

Дар Тоҷикистон бошад, номи ӯ бештар бо ду марҳилаи муҳим дар муносибатҳои ду кишвар пайванд дорад: иштирок дар раванди сулҳи тоҷикон дар солҳои 1990 ва роҳбарии сафорати Русия дар Душанбе дар солҳои аввали баъдиҷангӣ. Даргузашти Пешков дар ҳоле рух медиҳад, ки муносибатҳои Тоҷикистону Русия баъд аз беш аз се даҳсолаи барқарории равобити дипломатӣ ҳамчунон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии Душанбе ва Маскав боқӣ мондааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.
19.10.2026 12:49

Ли Сян: “Чин пайваста аз рушду нумуи Тоҷикистони дӯст дастгирӣ мекунад”

Имрӯз, 19-уми октябр дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сянро, ки бо сафари расмӣ ва ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.
19.10.2026 10:36

Ироқчӣ ба Макрон: “Ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳед

Сайид Аббос Ироқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон, дар вокуниш ба изҳороти ахири Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса, дар бораи сабабҳои нооромиҳои ин кишвар гуфт, ки барои гунаҳкор донистани дигарон дер шудааст. Ӯ аз Макрон хост, ки ба садои ояндаи Фаронса гӯш диҳад.
19.10.2026 10:28

Трамп: “Зеленский намехоҳад ҷанг дар Украинаро ба поён расонад”

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, бо интиқод аз идомаи ҳамлаҳои Украина ба полоишгоҳҳои нафти Русия, иддао кардааст, ки Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, майли поён додани ҷангро надорад.
19.10.2026 09:13

Фуруд омадани изтирории ҳавопаймои аз Исроил парвозкарда ба далели таҳдиди амниятӣ дар Булғористон

Як ҳавопаймои мусофирбар, ки аз Исроил ба самти Венаи Австрия парвоз мекард, пас аз дарёфти ҳушдори амниятӣ дар бораи бомбгузорӣ, дар Булғористон (Балгария) фуруди изтирорӣ анҷом дод.
19.10.2026 08:00

Қирғизистон беш аз 326 километр марз бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард

Ҷумҳурии Қирғизистон дар ноҳияи Бодканд ва Лайлак беш аз 327 километр марзи Қирғизистон бо Тоҷикистонро симхорбандӣ кард. Дар назди минтақаҳои наздисарҳадӣ барои ҳаракат 338,5 километр роҳи саҳроӣ бунёд шуд.