Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард
Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”
Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад
Қазоқистон аз парлумони дупалатагӣ ба “Курултой” гузашт
Қазоқистон низоми парлумонии худро тағйир дод. Пас аз ислоҳоти конститутсионӣ, Маҷлис ва Сенат барҳам дода шуда, ба ҷойи онҳо парлумони ягона - Курултой, таъсис ёфт.
Аввалин интихоботи Курултой 23-юми август баргузор шуд. Парлумони нав аз 145 вакил иборат буда, муҳлати фаъолияти онҳо панҷ сол муайян шудааст. Бар хилофи низоми пешина, ҳамаи вакилони Курултой аз рӯйи рӯйхати ҳизбҳои сиёсӣ интихоб мешаванд. Яъне интихобкунандагон дигар на танҳо ба ҳизб, балки ба номзади алоҳида дар ҳавзаи интихоботӣ овоз дода наметавонанд.
Дар низоми пешина Маҷлис 98 вакил ва Сенат 50 узв дошт. Маҷлис тавассути интихоботи мустақим ташаккул меёфт, дар ҳоле ки Сенат намояндагони минтақаҳоро дар бар мегирифт ва як қисми аъзои он аз ҷониби президент таъин мешуданд.
Акнун қонунҳо танҳо дар Курултой баррасӣ ва қабул мешаванд. Ин тағйирот раванди қонунгузориро аз низоми қаблии дупалатагӣ ба низоми якпалатагӣ гузаронидааст. Курултой ҳамчунин, дар ташкили ҳукумат нақш дорад. Парлумон барои таъини сарвазир ва ноиби президент розигӣ медиҳад ва метавонад фаъолияти ҳукуматро назорат кунад.
Бо вуҷуди ин, президенти Қазоқистон ҳамоно салоҳиятҳои васеъ дорад. Аз ҷумла, ӯ вазирони корҳои хориҷӣ, дифоъ ва корҳои дохилиро мустақилона таъин мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид
Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд
Ҷияни Солеҳ Муҳаммади Регистонӣ то охирин тир бар зидди Толибон ҷангида, кушта шуд
Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст