19 Октябр 2026,
душанбе, 21:14, Душанбе
24.08.2026 13:44

Казоқистон ба Чин ва Русия уран мефурӯшад

Ширкати миллии атомии Қазоқистон «Казатомпром» барои интиқоли консентрати урани табиӣ ба Чин ва Русия ба мувофиқа расидааст. Ҳаҷм, муҳлат ва арзиши ин созишҳо ҳанӯз ошкор нашудаанд.

Ширкати «Казатомпром» эълон кардааст, ки ду созишномаи бузург барои фурӯши консентрати урани табиӣ дар шакли U3O8 ба ширкатҳои чинӣ ва русӣ омода шудааст.

Яке аз харидорон ширкати чинии “State Nuclear Uranium Resource Development Company (SNURDC)” мебошад. Ин ширкат ба гурӯҳи энергетикии “State Power Investment Corporation” (SPIC) дохил шуда, уран ва маводи сӯзишвории ҳастаиро барои саноати Чин таъмин мекунад.

Бар асоси созиш, урани қазоқӣ тавассути роҳи оҳан ба истгоҳи Алашанкоу дар марзи Қазоқистон ва Чин интиқол дода мешавад.

Созиши дуюм бо ширкати русии “Uranium One Group”, ки дар сохтори «Росатом» фаъолият мекунад, пешбинӣ шудааст. Тибқи нақша, уран ба Корхонаи кимиёвии Сибир дар Русия фиристода хоҳад шуд.

«Казатомпром» мегӯяд, ки ҷонибҳо шартҳои асосии ҳар ду муомиларо мувофиқа кардаанд. Бо вуҷуди ин, маълумот дар бораи ҳаҷми урани интиқолшаванда, нарх ва муҳлати иҷрои шартномаҳо ба далели сирри тиҷоратӣ нашр нашудааст.

Ширкати қазоқӣ таъкид кардааст, ки параметрҳои ин созишҳо ба вазъи кунунии бозори уран мувофиқат мекунанд.

Ин созишҳо дар ҳоле ба даст меоянд, ки Қазоқистон мавқеи худро ҳамчун яке аз таъминкунандагони асосии уран дар бозори ҷаҳонӣ нигоҳ медорад. «Казатомпром» ҳамчунин, дар нимсолаи аввали соли 2026 истеҳсоли уранро нисбат ба соли гузашта 9 дарсад афзоиш додааст.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

19.10.2026 17:17

Дар Самарқанд таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ ва густариши шарикии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Амрико баррасӣ гардид

Имрӯз, 19-уми октябр дар шаҳри Самарқанд ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қолаби С5+1 баргузор гардид, ки вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи мазкур иштирок ва суханронӣ намуд.
19.10.2026 17:13

Рӯзномаи Британия: Сайёҳон ва блогерони хориҷӣ аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд

Рӯзномаи чопи Британия “Сан” дар матлабе навишт, сайёҳон ва блогерони хориҷие, ки ба Афғонистон сафар кардаанд, аз Толибон чеҳраи мусбат ва гумроҳкунанда месозанд.
19.10.2026 16:27

Ифтитоҳи Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст

19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ, бинои нави Қасри фарҳангро, ки ба номи Кароматулло Қурбонов гузошта шудааст, ифтитоҳ намуданд.
19.10.2026 16:25

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ аз ифтитоҳи бинои раёсати маориф оғоз шуд

Имрӯз, 19-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти нав ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба ноҳияи Рӯдакӣ сафар карданд.
19.10.2026 16:24

Рустами Эмомалӣ ба сохтмони 3 эстакада ва як пул санги асос гузошт

19-уми октябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшид.
19.10.2026 15:01

Қарзу афзоиши нархи зиндагӣ мардуми хашмгини Фаронсаро ба майдонҳо овард

Афзоиши қарзи давлатӣ, гарон шудани зиндагӣ ва норозигӣ аз вазъияти хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба мушкилоти бузурги Фаронса табдил шудааст. Эътирози хиёбонии мардуми Фаронса нишон дод, ки ҳукумаи ин кишвар бо фишори бештар рӯбарӯ шудааст.
19.10.2026 14:32

Лавров: “Гурӯҳҳои террористӣ мехоҳанд дар либоси паноҳанда ва сайёҳ ба Осиёи Марказӣ ворид шаванд”

Русия мегӯяд, ки гурӯҳҳои терорристӣ ва тундрав аз қаламрави Афғонистон барои густариши фаъолиятҳои худ дар Осиёи Марказӣ истифода мекунанд. Русия тақвият додани марзи Тоҷикистону Афғонистон ва ҳамкорӣ бо ҳукумати террористии Толибонро роҳи мубориза бо таҳдидҳо донистааст.
19.10.2026 14:09

Чин мехоҳад дар Тоҷикистон сармоягузориро зиёд ва воридоти мол ба Чинро афзоиш диҳад

Ли Сян, сарвазири Чин рӯзи 19-уми октябр дар мулоқот бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар Душанбе гуфт, ки Пекин омода аст воридоти молҳои Тоҷикистон ва сармоягузории ширкатҳои чиниро афзоиш диҳад. Ду ҷониб масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, истихроҷи маъдан ва технологияҳои навро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 14:02

Раиси вилояти Синди Покистон хостори афзоиши содирот ба Тоҷикистон аст

Раиси вилояти Синди Покистон гуфт, барои густариши тиҷорат, бахусус содирот ба Тоҷикистон имкониятҳои зиёд вуҷуд дорад. Дар мулоқоти консулгарии генералии фахрии Тоҷикистон дар Карочӣ ду ҷониб роҳҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат, энергетика, саноат, кишоварзӣ ва нақлиётро баррасӣ кардаанд.
19.10.2026 13:53

Бонки Осиёии Рушд барои маблағгузории «Роғун 200 миллион доллар грант ва 300 миллион доллар қарзи имтиёзнокро пешбинӣ менамояд

Дар доираи ҷаласаҳои солонаи Гурӯҳи Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Хазинаи Байналмилалии Асъор дар шаҳри Бангкоки Подшоҳии Тайланд ду даври мулоқоти сеҷониба бо иштироки вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, ноиби президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Антонелла Бассани ва ноиби президенти Бонки Осиёии Рушд оид ба соҳаҳо ва самтҳои мавзуӣ Вемпи Сапутра баргузор гардиданд.