6 Октябр 2026,
сешанбе, 08:57, Душанбе
20.08.2026 10:19

Шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон Ҳадиса Қурбонова аз дунё даргузашт

Имрӯз, 20-уми август шоир, нависанда, драматург ва тарҷумон, Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода Ҳадиса Қурбонова аз дунё даргузашт.

Ҳадиса Қурбонова дар 86 сол дошт ва дар назар аст, ки намози ҷанозааш вақти пешин баргузор гардад.

Тибқи иттилои дастрас, Ҳадиса Қурбонова 17-уми феврали соли 1940 дар деҳаи Шураки Сарихосори ноҳияи Балҷувон дар оилаи оҳангар ба дунё омадааст. Баъди аз падару модар ятим мондан, дар хонаи кӯдакони Сарихосор тарбия ёфтааст. Соли 1958 ба факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1963 онро хатм намудааст. Аз соли 1963 дар нашриёти «Ирфон» дар шуъбаи адабиёти бачаҳо ба кор шурӯъ кард. Солҳои 1967-1969 дар рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон», 1969-1973 дар Кумитаи давлатии назди Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон оид ба табъу нашр, полиграфия ва савдои китоб фаъолият доштааст. Аз соли 1973 то 1988 дар нашриёти «Адиб» фаъолияти босамар намудааст.

Муаллифи китобҳои шеърии «Паймон» (1972), «Шукрона» (1980), «Нури Октябр» (1981), «Сомон» (1984), «Даргоҳи Офтоб» (1986), «Дунёи ҷавонӣ» (1987), «Эҳсон» (2000), «Лоиқ намеояд дигар» (2001), «Мадина» (2003), «Чакомаи Душанбе» (2003), «Сояи миҷгон» (2006), «Ҳилолӣ» (2008), «Хатлон» (2008), «Меҳвари ишқ» (2008), «Соҳати дил» (2010), «Тӯфон» (2010), "Хаймаи Хайём (2012), «Саддом Ҳусейн» (2014), «Шоҳин» (2014), «Сарир», (2014), «Девон» (дар ду ҷилд, 2014), «Шоҳин» (2015) ва ғайраҳо мебошад.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

05.10.2026 16:54

Лавров: “Хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастем”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар оғози ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон гуфтааст, ки кишварҳои ширкаткунанда хостори ҳамкории баробар ва бар пояи манфиатҳои мутақобил бо Толибон ҳастанд.
05.10.2026 16:50

Лавров: “Маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстона то ду моҳи дигар ба Афғонистон мерасад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷаи Русия, дар ҳаштумин нишасти “Формати Маскав” дар бораи Афғонистон эълом кард, ки маъмулоти баъдии кумакҳои башардӯстонаи ин кишвар тайи як то ду моҳи оянда ба Афғонистон ирсол хоҳад шуд.
05.10.2026 15:41

Бонки осиёии рушд барои беҳтар кардани низоми нафақа 20,5 миллион доллар грант ҷудо мекунад

Барои беҳтар кардани системаи нафақа, рақамикунонии хизматрасониҳои иҷтимоӣ, тақвият додани ҳифзи молиявии гурӯҳҳои осебпазир барои Тоҷикистон Бонки осиёии рушд 20 миллион доллар грант ҷудо мекунад.
05.10.2026 14:22

Бонки миллӣ аз навъи нави қаллобӣ ҳушдор дод

Бонки миллии Тоҷикистон бо нашри иттилоияе хабар дод, ки вақтҳои охир қаллобон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, паёмрасонҳои «Telegram», «WhatsApp» ва дигар воситаҳои алоқа файлҳои зараровар дар формати «.apk» паҳн менамоянд.
05.10.2026 11:37

Қолибоф: “Эрон ҳам меҷангад ва ҳам музокира мекунад”

Муҳаммабоқир Қолибоф, раиси Маҷлис (парлумон)-и Эрон гуфт, ки Теҳрон ҳамзамон бо идома ёфтани ҷанг ё муқовимати низомӣ аз абзори дипломатӣ истифода хоҳад кард. Ӯ гуфт, то замоне, ки ҳафт шарти Эрон тибқи “Тавофуқномаи Исломобод” иҷро нашавад, тангаи Ҳурмуз боз нахоҳад шуд.