Беш аз як тонна маҳсулоти гӯштии ғайрисанитарӣ ошкор гардид
Дар Хатлон мақомот 17 мухлиси футболро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашид
500 сомонӣ. Боздошти марде, ки аз масҷид сандуқи хайриявиро дуздидааст
Дар даври чоруми «Илм – фурӯғи маърифат» 700 довталаб иштирок мекунад
Қадами бузурги Тоҷикистон ба сӯйи маорифи оянда. Малайзия ба Душанбе меояд
Тоҷикистон ва Малайзия нақша доранд ҳамкориҳои худро дар соҳаи маориф густариш диҳанд. Аз таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ ва омодасозии омӯзгорон то роҳандозии барномаҳои дугонаи диплом ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосир дар бахшҳои ҳуши маснуъӣ ва технологияҳои таълимӣ самтҳои асосии ҳамкориҳои ду кишвар гуфта мешаванд.
Созиш дар ҷараёни мулоқоти Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон бо Нисӣ Бай, дабири кулли Ассотсиатсияи байналмилалии таҳсилоти фаромиллӣ ва раиси Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия, ба даст омад.
Ҷонибҳо ҳамзамон ёддошти тафоҳумро миёни Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ва Маркази байналмилалии иртиботи фарҳангии Малайзия ба имзо расонданд. Ҳуҷҷат заминаи ҳуқуқӣ ва ташкилии ҳамкории амалии ду кишварро дар чанд самти калидӣ фароҳам мекунад.
Бар асоси ин созиш, Душанбе ва Куала-Лумпур мехоҳанд мубодилаи академии донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳҳоро густариш диҳанд ва барои таъсиси барномаҳо ва марказҳои муштараки таълимӣ замина гузоранд.
Дар рӯйхати пешниҳодҳо, инчунин, барномаҳои дипломи дугона, курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва такмили ихтисос ҷой доранд. Ҷонибҳо ҳамчунин, масъалаи баргузории чорабиниҳои муштараки илмӣ ва таълимӣ ва иҷрои лоиҳаҳои пажӯҳиширо баррасӣ карданд. Мақомоти Тоҷикистон ва намояндагони Малайзия, инчунин, имкони ҷалби донишгоҳҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон ва татбиқи барномаҳои байналмилалии стипендияро муҳокима намуданд.
Аммо қисми ҷолибтарини нақшаҳо ба технологияҳои нав марбут дониста шуд. Ду ҷониб ба рушди озмоишгоҳҳои муосири таълимӣ ва инноватсионӣ дар соҳаҳои “STEM”, ҳуши маснуъӣ, технологияҳои таълимӣ ва таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ нишон доданд. Ин маънои онро дорад, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Малайзия метавонад танҳо ба табодули донишҷӯён ё омӯзгорон маҳдуд нашавад, балки ба таъсиси инфрасохтори нави таълимӣ ва омода кардани мутахассисон барои бозори меҳнати оянда равона шавад.
Дар мулоқот Ҷанг Ҷи Ҳао, директори иҷроияи “ITEA Jobs” ва Бенҷамин Леонг, муовини директори иҷроия низ иштирок карданд. Ёддошти тафоҳуми нав дар ҳолест, ки Тоҷикистон дар солҳои охир барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, ҷалби муассисаҳои хориҷӣ ва рушди ихтисосҳои вобаста ба технология талош мекунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд