Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард
Ройтерз: Марко Рубио дар Ӯзбекистон бо намояндаи Тоҷикистон мулоқот мекунад
Имтиёз ба Русия ва фишор ба Киев. Трамп ба Зеленский: “Вақти рафтан фаро расид”
Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.
Ӯ таъкид кард: “Наметавон интизор дошт, ки фаластиниҳо барои ҳамеша шароити таҳмилшударо қабул кунанд. Ҳамчунин, амният танҳо бо девор, қудрати низомӣ ва нодида гирифтани ҳуқуқи онҳо таъмин намешавад”.
Обама ин суханонро дар суҳбат бо Сюзан Маккей, рӯзноманигор ва нависанда, дар шаҳри Белфаст ва дар доираи сафари худ ба Англия баён кардааст.
Раиси ҷумҳури пешини Амрико аз сиёсатҳои кобинаи кунунии режими Исроил дар қиболи фаластиниҳо интиқод карда, гуфтааст, ки такя ба бартарии низомӣ ва фанноварӣ ва худдорӣ аз додани гузаштҳо метавонад дар кӯтоҳмуддат натиҷаҳое ба бор оварад, аммо амнияти пойдорро таъмин нахоҳад кард ва мавқеи ахлоқии режими Исроилро заиф месозад.
Обама ҳамчунин, бо ишора ба решаҳои таърихии масъалаи Фаластин афзудааст, ки фаластиниҳо заминҳои худро аз даст додаанд ва табиӣ аст, ки ин вазъиятро беадолатӣ донанд ва хостори бозпас гирифтани ҳуқуқ ва сарзамини худ бошанд.
Ӯ хотимаи воқеии хушунат, коҳиши ранҷи мардуми Ғазза, боздоштани густариши шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ ва кумак ба бозсозии Ғаззаро аз авлавиятҳои фаврӣ донистааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Неруҳои мусаллаҳи Яман: ба шаҳри Мадина ҳамла накардаем
“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт
Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”
Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард