17 Октябр 2026,
шанбе, 06:22, Душанбе
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.

Рӯзи 16-уми октябр Сергей Лавров дар нишасте, ки дар шаҳри Маскав дар мавзуи амнияти Осиёи Марказӣ ва Афғонистон доир шуд, гуфт, рафъи оқибатҳои ду даҳсолаи ҳузури низомии ИМА ва НАТО дар Афғонистон вақти зиёд талаб менамояд.

Дар ин нишаст намояндагони Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД), Иттиҳоди давлатҳои Мустақил ва Созмони ҳамкории Шанхай, инчунин, мақомоти давлатӣ, дипломатҳои кишварҳои минтақа ва коршиносон иштирок доштанд.

Сергей Лавров гуфт, Маскав ба мардуми Афғонистон расондани кумакҳои иқтисодӣ ва башардӯстонаро идома медиҳад. Вай гуфт, Маскав аз талошҳо барои таҳкими амнияти марзи Тоҷикистон ва Афғонистон ҳимоят мекунад.

Вазири корҳои хориҷии Русия оқибатҳои ҳузури низомии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО-ро аз омилҳое донист, ки ба вазъи Афғонистон таъсири дарозмуддат хоҳанд расонд. Ин изҳорот дар идомаи интиқодҳои деринаи Маскав аз ҳузури низомии зери роҳбарии ИМА дар ин кишвар садо медиҳад. Ӯ аз фаъолияти гурӯҳи тундрави “Давлати Исломӣ” дар Афғонистон изҳори нигаронӣ намуд. Тибқи гуфтаи ӯ, ин гурӯҳ мекӯшад талошҳои мақомоти Толибон барои таъмини субот дар Афғонистонро халалдор созад.

Сергей Лавров дар идомаи суханронии худ гуфт, Русия ба воситаи СААД ба Тоҷикистон дар таҳкими марзи давлатӣ бо Афғонистон кумак мекунад. Ӯ афзуд, Маскав барои сари вақт интиқол додани силоҳ, таҷҳизоти низомӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ барои ҳифзи марз чораҳо хоҳад андешид.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

16.10.2026 18:05

Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Осиё (CICA) эълон намуданд, ки дар моҳи майи соли 2027 дар шаҳри Душанбе конфронси байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ бо пуштибонии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ баргузор хоҳад шуд.
16.10.2026 18:22

Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
16.10.2026 17:58

Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”

Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон ҳанӯз аз байн нарафтаанд. Ӯ гуфт, Маскав ба Тоҷикистон барои таҳким додани амнияти марз бо Афғонистон кумак мекунад.
16.10.2026 16:45

Ҳамлаҳо ба майдонҳои ҳавоӣ ва муассисаҳои нафтӣ рахнаи амниятӣ дар Арабистони Саудиро ошкор сохт

Расонаи “Ройтерз” дар гузорише навишт, ҳамлаҳо ба фурудгоҳи Риёз ва муассисаҳои нафтӣ осебпазир будани Арабистони Саудӣ дар муқобили таҳдидҳои амниятии як кишвари ҳамсояро ошкор сохт.
16.10.2026 12:06

11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд

Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
16.10.2026 09:45

“Дом”-и ҳиҷоб бар зидди ҳукумати Илҳом Алиев миёни Туркия ва Озарбойҷон фосила андохт

Як гурӯҳи духтарони ҳиҷобпӯш дар Озарбойҷон бар зидди қоидаҳои ягонаи либоси мактабӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Озарбойҷон қабул шуд, намоиши эътирозӣ доир карданд. Онҳо аз ҳукумати Озарбойҷон даъват карданд, ки қоидаҳои манъи таҳсил бо ҳиҷоб дар мактабҳо бекор карда шавад.
16.10.2026 09:07

Обама: “Исроил бояд бипазирад, ки фаластиниҳо сарзамини худро тарк нахоҳанд кард”

Барак Обама, раиси ҷумҳури пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дар изҳороте бо таъкид бар ин ки ҳудуди ҳафт миллион фаластинӣ дар он минтақа зиндагӣ мекунанд ва аз он ҷо нахоҳанд рафт, гуфт, ки режими Исроил бояд ин воқеиятро бипазирад.
16.10.2026 08:58

Трамп Зеленскийро ба надоштани иродаи воқеӣ барои созиш бо Русия муттаҳам кард

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури ИМА бори дигар аз ҳамтои украинии худ Владимир Зеленский интиқод карда, иддао намуд, ки ӯ дар амал барои расидан ба созиш бо Русия иродаи воқеӣ надорад. Трамп ҳамчунин, ҳамлаҳои Украина ба корхонаҳои коркарди нафти Русияро ба болоравии нархи ҷаҳонии нафт рабт дод.