Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт, ки Исроил ва Амрико бо ҷангҳои худ ба экосистемаҳои минтақа осеби ҷиддӣ мерасонанд. Ӯ аз ҷомеаи байналмилалӣ хост, ки барои арзёбии зарари экологӣ ва барқарор намудани минтақаҳои осебдида чораҳои муштарак андешанд.
Масъуд Пизишкиён дар ин хусус рӯзи ҷумъа, 16-уми октябр дар нишасти сарони Конфронси XVII-и кишварҳои узви конфронс оид ба гуногунии экологӣ дар Ереван суҳбат намуд.
Президенти Эрон дар ҷараёни суханронӣ дар ҳузури сарони кишварҳо гуфт, паёмадҳои ҷанг аз талафоти ҷонӣ ва хароб гардидани зерсохторҳо фаротар рафта, ба табиат низ таъсири тӯлонӣ расондаанд. Тибқи гуфтаи ӯ, оташсӯзиҳо, ифлосшавии обу хок ва осеб дидани иншоотҳои саноатӣ метавонанд муҳити зистро барои солҳои зиёд таҳти таъсир қарор диҳанд.
Президенти Эрон таъкид намуд, ки ҳамлаҳои низомии ИМА ва Исроил ба иншооти саноатӣ ва энергетикӣ дар минтақа ба паҳн кардани моддаҳои ифлоскунанда ва осеб дидани экосистемаҳои табиӣ сабаб шудаанд.
Ба таъкиди президенти Эрон оқибатҳои экологии ҷанг бо марзҳои кишварҳо маҳдуд намешаванд. Олӯдашавии об, ҳаво ва хок метавонад ба минтақаҳои дур аз маҳалли даргирӣ низ паҳн шавад.
Масъуд Пизишкиён ба вазъияти Ғазза ишора карда, харобиҳои ин минтақаро намунаи осеби густурдаи экологӣ номид. Ӯ афзуд, ки барқарор кардани муҳити зисти табиии баъзе минтақаҳо вақти зиёд талаб менамояд.
Президенти Эрон аз ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои молиявии байналмилалӣ хост, ки барои мушаххас кардани ҳаҷми зарари экологӣ, барқарор сохтани минтақаҳои осебдида ва дастгирии кишварҳои аз низоъ зарардида, механизмҳои муассиртар таъсис диҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд