Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд
Қирғизистон мегӯяд қочоқи “говҳои шохдор” ба Тоҷикистонро ошкор сохт
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
11 нафар кушта шуданд. Толибон барои “тарёк” ҳамдигарро мекушанд
Ду гурӯҳ аз ҷангҷӯёни гурӯҳи террористии Толибон дар ноҳияи Баҳромчаи вилояти Ҳилманди Афғонистон барои маводи мухаддир ҷанг карданд, ки дар натиҷаи ин ҷанг 11 нафар кушта ва 4 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Бар асоси иттилои расонаҳои Афғонистон даргирӣ дар миёни Неруҳои вижаи фармондеҳии амнияти Толибон ва гурӯҳи “Ҳибат” зери роҳбарии Абдулаҳад Толиб рӯй додааст.
Рӯзи сешанба ҷангҷӯёни фармондеҳии амнияти Толибон як миқдор афюнро мусодира намудаанд. Ин маводи мухаддир аз Покистон ба воситаи масири Баҳромча ба вилояти Ҳилманд қочоқ шудааст.
Баъди мусодираи маводи нашъаовар Абдулаҳад Толиб ба неруҳои фармондеҳии амнияти Толибон дастур додааст, ки маводи мусодирашударо ба қочоқбарон баргардонанд ва онҳоро озод намоянд. Ҷангҷӯёни Толибон аз иҷрои ин дастур сарпечӣ кардаанд. Дар натиҷа дар миёни ду ҷониб даргирии мусаллаҳона сар задааст.
Дар ҷои ҳодиса 11 ҷангҷӯ кушта шуда ва 4 захмӣ ба бемористони ҳарбии Баҳромча, ки ба Вазорати дифои Толибон тааллуқ дорад, интиқол дода шудаанд.
Расонаҳои Афғонистон хабар медиҳанд, ки фармондеҳи Толибон Абдулаҳад Толиб дар қочоқи маводи мухаддир аз Покистон ва Афғонистон нақши фаъол дорад. Ба навиштаи расонаҳо, маводи мухаддир ба минтақаҳои мухталифи Афғонистон интиқол ва сипас, ба Эрон қочоқ мешавад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Эмомалӣ Раҳмон: “Дар Душанбе бо пуштибонии СММ дар соли 2027 конфронси байналмилалии сулҳ баргузор мешавад”
Президенти Эрон: “Исроил ва Амрико экосистемаи минтақаро вайрон мекунанд”
Сергей Лавров: “Таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз байн нарафтаанд. Маскав ба Тоҷикистон кумак мекунад”
Чин аз Толибон даъват кард, ки бар зидди гурӯҳҳои террористӣ иқдом кунанд